Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
- Молиягузории фаъолияти корхона:
сохтори оқилонаи пассивҳои корхонаро муайян карда, бо назардошти дараҷаи таваккали имконпазир, қарорро оид ба тайёрдиҳии сармояи худӣ асоснок менамояд;
сиёсати дивидентии корхонаро кор карда, ҳисоботҳои тақсимоти фоида ва ҳавасмандкунии инвесторҳо аз як тараф ва аз тарафи дигар худмаблағгузории инкишоф ва зиёд кардани воситаҳои худӣ;
ташкили сохтори хуби ёрдампулиҳои якдигарӣ аз рӯи шакл, мӯҳлат ва арзиш;
- Тарафҳои молиявии истифодаи активҳо:
муайян кардани равандҳои хароҷотҳои воситаҳои корхона аз рӯи мақсадҳои стратегӣ ва тактикии ташкилот;
ташкили сохтори беҳтарини активҳо;
танзими ҳаҷм ва афзоиши натоиҷи молиявӣ бо назардошти дараҷаи таваккали соҳибкорӣ;
-
Коркарди стратегияи молиявии менеджмент:
сиёсати сармоягузорӣ бурдан, дар асоси таҳлили лоиҳаҳои хислати хоҷагӣ ва молиявӣ дошта, интихоби муодили беҳтарин бо мониторинги молиявӣ, амалигардонии лоиҳа дар ҳаёт; -
Коркарди тактикаи менеджменти молиявӣ:
идоракунии комплексии одилонаи активҳои гардиш ва ӯҳдадориҳои кӯтоҳмуддати корхонаҳо;
асосноккунӣ ва пешниҳоди қарорҳои маркетингӣ оид ба нарх, аз нигоҳи таъсир ба натиҷаи молиявии ташкилот;
-
Ҳамоҳангсозии стратегия ва тактика:
банакшагирӣ ва ояндабинии молиявии корхона, муайян кардани ояндаи молиявии инкишофи корхона, инчунин қадамҳои тактикии ҳаррӯзаи корхона ва огоҳӣ аз равандҳои ғайрисамаранок; -
Назорати молиявии дохилӣ:
нишондиҳандаҳо ҳисоботҳои бухгалтерӣ ва оҷилиро таҳлил карда, онҳоро ҳамчун асос барои баҳо додани фаъолияти корхона ва сохторҳои таркибии он истифода мебарад, инчунин ҳамчун базаи ахборӣ барои қабули қарори молиявӣ нигоҳ медорад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо