Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Самаранокии истифодабарии менеҷменти молиявӣ дар асоси алоқамандии комплексии усул ва фишангҳои механизми молиявӣ мебошад. Молия ин на фақат гурӯҳи иқтисодӣ буда, балки якбора ҳамчун воситаи таъсир ба ҷараёни истеҳсолию тиҷоратии субъектҳои хоҷагӣ мебошад.

Механизми молиявӣ гуфта, системаи таъсири фишангҳои молиявиро меноманд, ки дар ташкил, банақшагирӣ ва ҳавасмандкунии истифодабарии захираҳои молиявӣ зоҳир мегарданд. Дар сохтори механизми молиявии менеҷмент панҷ унсури бо ҳам алоқаманд дохил мешаванд: усулҳои молиявӣ, фишангҳои молиявӣ, таъмини ҳуқуқию меъёрӣ ва таъмини ахборӣ.

Қоидаҳои асосие, ки менеҷерони молиявии ташкилотҳо бояд сармашқи кори худ намоянд, мақсад ва вазифаҳои ташкилот мебошад ва қонунӣ будани фаъолиятони онҳоро ҳимоя менамоянд.

Ӯҳдадориҳои функционалии менеҷери молиявӣ аз инҳо иборат мебошад:
таъмин намудани ҳимояи ҳуқуқӣ ва қонунии фаъолиятҳое, ки бо захираҳои молиявӣ ва сармояи корхона мегузаранд;
ташкили муносибатҳои хуби молиявӣ бо тамоми иштироккунандагони фаъолияти истеҳсолии ташкилот;
коркарди нақшаҳо ва ояндабинии маблағгузорӣ ва баҳои самаранокии онҳо;
интихоб ва асосноккунии сиёсати қарзӣ ва арзии корхона;
коркард ва амалигардонии лоиҳаҳои инвеститсионӣ, ки ба баланд бардоштани даромаднокии корхонаҳо ва ташкилотҳои тобеи онҳо;
суғуртаи сармоя ва фаъолияти молиявӣ оид ба таваккали молиявӣ ва зарар;
пайдо кардани эътибори корхона дар байни рақибон;
таъминоти бетанаффуси фаъолияти хоҷагидорӣ бо захираҳои молиявӣ ва назорат аз болои самаранокии истифодабарии онҳо;
таҳлили натиҷаи молиявӣ ва ҳолати молиявии корхона ва мизоҷон.

Истифода аз усули самараноки менеҷменти молиявӣ. Мантиқи вуҷуд доштани механизми молиявиро на дараҷаи илмӣ, балки ҳамчун санъат дониста мешавад. Менеҷери молиявӣ дар ҳолати иҷрои уҳдадориҳои касбии худ, аз рӯи равияҳои зерин амал мекунад:

пешина
аз 512
навбатӣ