Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

пулҳои дар муомилот буда мебошад. Бонки Миллӣ бояд нишонагирии мақсадноки сиёсати пулиро дошта бошад.

Сиёсати даромадҳо аз тарафи монетористҳо рад карда шуда буд, дар он асос ки назорат аз болои нарх ва музди меҳнат фаъолияти қонунии механизми бозорро вайрон мекунад ва ба зарари иқтисодӣ оварда мерасонад.

Дар натиҷа усулҳои асосии консептуалии идоракунии доираи пулию қарзӣ асосҳои назариявии кейнсионӣ, ё монетористӣ доранд. Албатта, ҳеҷ яке аз ин консепсияҳо наметавонад, ки мутлақ ва ягона бошанд, чунки самаранокии чорабиниҳои пешниҳодшуда пеш аз ҳама ба шаклҳои таърихии функсионалии системаҳои иқтисодӣ ва дигар омилҳои анъанавию миллӣ вобастагии муҳим дорад.

Аз тарафи дигар доираи муносибатҳои пулӣ ва қарзӣ доимо дар зери таъсири механизми худтанзими бозорӣ амал менамуд.

Дар шароити муносибатҳои пулии металлӣ, функцияи ғункунӣ ва амонатгузаронӣ нақши танзимдарори иқтидори онро дар гардиш дошт. Аз байн рафтани пули металлӣ аз муомилоти пулӣ, барҳам хӯрдани мубодилаи пул бо тилло ва афзоиши босуръати системаи қарзию бонкӣ тамоми монеаҳоро барои гардиши пули коғазӣ аз байн бардошт.

Дар натиҷа механизми бозории танзими автоматии пул аз байн рафт. Зарурияти танзимдарории давлатӣ ба миён омад, ки вобаста аз дараҷаи афзоиши системаи бонкию қарзӣ функцияи идоракунии он ба дасти Бонки Миллӣ дода шуд. Фаъолияти Бонки Миллӣ ҳамчун қисми таркибии унсури системаи давлатии танзими иқтисодӣ муқаррар гардид.

Монополияи Бонки Миллии Тоҷикистон аз эмиссияи банкноти пулӣ, асоси назорати таклифот ба миқдори пули нақд дар ҷумҳурӣ мебошад, инчунин нақши асосӣ дар ташаккули захираҳои қарзӣ ба таклифоти пули бенақд мебошад.

Мувофиқи ақидаи иқтисодшинос Ф. Хайек, ҳукумат ҳамеша дар ин соҳа сӯиистеъмоли пулӣ мекунад. Бинобар ин пешниҳод менамояд, ки барои сиёсати дурусти пулӣ бурдан конститутсияи пулӣ ҷорӣ кардан зарур мебошад, ки дар он як қатор қоида ва қонунҳо барои Бонки Миллӣ, ки интихоби воситаҳо ва

пешина
аз 512
навбатӣ