Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

танзими беқурбшавӣ - иҷозати суръати бонизоми беқурбшавӣ бо мақсади ҳавасманд намудани иқтисод ва дезинфилятсия - кам кардани суръати афзоиши беқурбшавӣ, то дараҷаи қабулшуда мебошад.

Назарияи концептуалии Кейнс дар навбати аввал масоили танзимдарории талаботи кулл бо сифати асосноккунии назариявии ин раванд, каҷхати Филлипс, ки алоқаи баръакси байни беқурбшавӣ ва бекориро нишон медиҳад, қабул шудааст. Асоси ин назария дар ёфтани нуқтаи мувозинатии байни бекорӣ ва беқурбшавӣ мебошад, ки ба мақсади охирони иқтисодӣ мувофиқ мебошад. Дар натиҷа ду варианти ҳаракати зидди беқурбшавии давлатӣ қабул аст - сиёсати безараркунонӣ ва сиёсати даромадҳо, ки имрӯзҳо барои Тоҷикистон хос мебошад.

Сиёсати безараркунонӣ бар зидди омилҳои талаботи беқурбшавӣ равона шуда, бо роҳи кам кардани хароҷотҳои давлатӣ, баланд бардоштани андозҳо, ҷорӣ кардани сиёсати қарзии дигаргунсозӣ бо фоизи баланд амалӣ мегарданд. Аммо таъсири сиёсати пулию қарзӣ ба дараҷаи фоизи қарзӣ ва инвестиция мутлақо баробар намебошад. Истифодаи фаъоли сиёсати фискалӣ дар ин ҳолат мушкил мебошад, чун вай бисёртар аз мақомоти қонунбарор ва сиёсатмадорон вобастагӣ дорад.

Ҳангоми сиёсати безараркунонӣ ҳукумат хароҷотҳои буҷаи давлатиро кам карда, андозҳо ва фурӯши қоғазҳои давлатиро зиёд мекунанд.

Бо сабаби он ки сиёсати безараркунонӣ аксари маврид ба муноқиши чорабиниҳои ҳавасмандкунии инкишофи иқтисодӣ мегардад, давлатҳо маҷбур мешаванд, ки равияҳои фаъолиятҳои худро тағйир диҳанд. Аз тарафи дигар сиёсати даромадҳо низ ба муноқиши ҷамъиятҳо, соҳибкорон ва иттифоқи касаба дучор гардидаанд ва бинобар ин назарияи Кейнсии сиёсати иқтисодӣ татбиқ нашуд.

Дар чунин як шароит концепсияи монетарии мубориза ба муқобили беқурбшавӣ пешниҳод шудааст, ки вазифаҳои асосии маҳдудияти қатъии талабот дар сиёсати пулию қарзӣ бо роҳи идоракунии афзоиши миқдори пул ба шумор меравад. Мувофиқи ақидаи иқтисоддон М. Фридман роҳи ягонаи самараноки пеши роҳи беқурбшавиро гирифтан маҳдудияти суръат ва миқдори

пешина
аз 512
навбатӣ