Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

25.1. Усулҳои концептуалии идоракунии системаи молиявии корхона

Муносибатҳои пулию қарзӣ унсури муҳими механизми бозорию хоҷагидорӣ мебошад, ки бевосита дар такрористеҳсоли маҳсулот иштирок мекунад.

Системаи пулию қарзӣ на фақат дар муомилаи молу хизматҳо, балки дар ҷараёни истеҳсолот, суръати инкишоф ва тағйирёбии сохтори ташкилотҳо таъсири калон дорад. Бинобар ин идоракунии ин система дар инкишофи корхона мақоми вижа дорад. Чунин як алоқамандии зич аз менеҷменти корхона усули комплексии идоракуниро талаб мекунад. Яъне ин ҷустуҷӯи роҳҳо ва усулҳои бевосита ва бавоситае мебошад, ки дараҷаи технологӣ ва самаранокии кори корхонаро баланд мебардорад. Мисол, кам кардани хароҷотҳои истеҳсолӣ ҳиссаи калон дар сиёсати зидди беқурбшавӣ мебошад. Доир ба ҳамин равия, сиёсати зиддимонополӣ амал мекунад, ки намегузорад нархҳои монополӣ ба молҳо вуҷуд дошта бошад.

Аз тарафи дигар мақоми ҳавасмандкунӣ доштани сиёсати пулию қарзӣ дар афзоиши иқтисодӣ мақоми калон мебозад.

Зиёд шудани ҳаҷми маҳсулот ва хизматҳо бошад, дар навбати худ, асоси зиёдшавии қобилияти харидории пул ва солимгардонии муносибатҳои молиявӣ ва қарзӣ ба шумор меравад.

Моҳияти иқтисодии дигарро сиёсати фискалӣ, ё худ сиёсати андозситонии давлатӣ мегирад, ки қобилияти танзимдороии кулли талаботҳо ва таклифотҳои бозор, инчунин муносибати молиявию пулиро дорад. Бояд қайд кард, ки омилҳои номбаршуда хислати вақтӣ ва ҳудудӣ доранд. Афзоиши бемайлони иқтисодӣ заминаи аз ҳад зиёд шудани талабот ба пул мегардад, ки дар маҷмӯъ ба беқурбшавии он сабаб мегардад.

Идоракунии системаи пулию қарзӣ мумкин аст, бо роҳи таъсиррасонӣ ба дараҷаи талаботу таклифот ба пул иҷро гардад. Ин таъсиррасонӣ дар доираи сиёсати молиявию пулии давлатӣ амалӣ мегардад. Аз нигоҳи тағйир ёфтани афзоиши пул, нарх ва қобилияти харидории пул ду шакли сиёсати пулию қарзӣ дида мешавад: - беқурбшавӣ ва безараркунонӣ. Шакли миёнаи сиёсат ин

пешина
аз 512
навбатӣ