Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

усулҳои амалигардонии сиёсати пулию қарзиро маҳдуд менамоянд, бояд вуҷуд дошта бошад.

Намояндагони мактаби неоклассикӣ чунин меҳисобанд, ки сиёсати озоди пулию қарзӣ хоҳ нохоҳ ба беқурбшавӣ оварда мерасонад, чунки вай дар зери фишори зиддияти вақтии байни вазифаҳои дарозмуддат ва кӯтоҳмуддат мебошад.

Таклифҳои дигари концептуалие мавҷуд мебошанд, ки ба гузаштани системаи озоди фаъолияти бонкӣ даъват менамоянд ва ба механизми озоду рақобатноки бозор такя мекунанд.

Аз нигоҳи мо, ҳалли масъалаҳои муносибатҳои пулию қарзӣ пеш аз ҳама бояд ба пурзӯр намудани мақоми идоракунии давлатӣ, тақсим ва азнавтақсимкунии захираҳои пулӣ, беҳтар кардани шакл ва усулҳои назорат равона шуда бошад. Мо бояд тадқиқотҳои илмиро дар ин соҳа пурзӯр карда, вариантҳои шароити интихоб ва нави муомилоти пулиро дар Тоҷикистон ҷорӣ намоем.

Зарурияти коркарди вариантҳои оптималии идоракунии системаи пулию қарзии Тоҷикистон бояд меъёр ва воситаҳои махсуси худро пайдо созанд ва истифода баранд.

Воситаҳои асосии сиёсати пулию қарзиро чунин гурӯҳбандӣ намудан мумкин аст:

аз рӯи шакли қабул: бевосита ва бавосита;

аз рӯи объекти таъсиррасонӣ: талаботу таклифот ба пул;

аз рӯи мӯҳлат: кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат.

Бонки Миллии Тоҷикистон чунин механизмҳои идоракунии системаи пулию қарзиро истифода мекунад:

сиёсати танзими молиявӣ;

сиёсати бозори озод;

танзими арзӣ;

танзими институтҳои қарзӣ ва ташкили муносибатҳои пардохт ва
ҳисоббаробаркунӣ;

муайян кардани маҳдудияти миқдорӣ.

пешина
аз 512
навбатӣ