Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

кадом хароҷотҳоро корхона метавонад бо ин нарх дар мол гузаронад ва миқдори муайяни фоидаро гиранд?

Кадом миқдори фурӯши маҳсулот, гирифтани фоидаи оптималии корхонаро таъмин менамоянд?

Барои ҷавоб додан ба ин саволҳо ахборе зарур мебошад, ки молиячиёни корхона дар асоси гузаронидани тадқиқоти ҳаматарафаи бозор ба даст меоранд. Зимни қабули қарор оид ба нархи маҳсулоти истеҳсолшуда, корхона бояд ду усулро истифода намояд:

  1. Усули хароҷотӣ.

  2. Усули нархгузорӣ.

Маҳсулот

Технология

Хароҷотҳо

Нарх

Арзиши мол

Харидор

Харидор

Арзиши мол

Нарх

Хароҷотҳо

Технология

Маҳсулот

Расми 5. Усулҳои муайян кардани нархи маҳсулоти истеҳсолшуда.

Ҳангоми оқилона ба инобат гирифтани ин ду усул мо метавонем сиёсати беҳтарини нархгузориро ҷорӣ намуда, фоидаи заруриро ба даст биорем.

Унсури дигари таъмин намудани фоидаи бехатарӣ ин интихоби муодилҳои гуногуни истеҳсолот мебошад. Яъне муайян кардани муодили беҳтарин бо роҳи ҳисоб кардани даромаду хароҷотҳо доир ба ҳар як муодили пешниҳодшуда

пешина
аз 512
навбатӣ