Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

сурат мегирад. Ғайр аз ин барои менеҷер зарур мебошад, ки даромаду хароҷотҳои давраи ояндаро низ ба инобат гирад. Дар навбати худ боз даромаду хароҷотҳое вуҷуд доранд, ки аз қарори қабулшуда менеҷмент вобаста намебошанд, ки мо дар мавзӯъҳои гузашта пурра қайд карда гузаштем.

Афзоиши номгӯи маҳсулотҳои истеҳсолшуда ба он оварда мерасонад, ки дар сохтори хароҷотҳои истеҳсолӣ ҳиссаи хароҷотҳои бавосита афзуда, ҳиссаи хароҷотҳои бевосита кам мешаванд. Истифодаи усули анъанавии хароҷоти дар ин ҳолат номумкин мебошанд, чунки ахбор оид ба арзиши аслии маҳсулот аниқу дақиқ нест.

Истифодаи усули таҳлилии функционалию арзишӣ (ТФА) имкон медиҳад, ки роҳбар ахбори дурустро оид ба қабули қарори идоракунии асоснок гирад.
Усули ТФА — методологияи ченакии арзиш ва самаранокии функционалии ташкилот, захираҳои он ва объекти ҳисоби хароҷотҳо мебошад.

Асоси концептулии методи ТФА аз он иборат мебошад, ки барои истеҳсолӣ ва фурӯши маҳсулот, ё хизматҳо функцияҳои аниқ иҷро мешавад, ки хароҷотҳои муайянро талаб мекунанд. Тамоми дигар хароҷотҳое, ки бевосита ба истеҳсоли маҳсулот тааллуқ надоранд, дар системаи ТФА ба функцияҳое, ки вобаста аз он хароҷотҳо пайдо шудаанд, мегузаронанд.

Ҳамин тариқ, агар талабот ба маҳсулоти истеҳсолии корхона, аз имкони истеҳсолии он зиёд бошад, он гоҳ корхонаро зарур мебошад, ки тамоми омилҳои монеавии истеҳсолӣ ва имкониятҳоро ба ҳисоб гирифта, сохтори оптималии истеҳсоли маҳсулот, хароҷот ва фоидаро муайян созанд. Асоси фармоиши иловагӣ бояд бо назардошти унсурҳои дар боло номбаршуда асос гирад.

Дар ҷараёни идоракунии фаъолияти истеҳсолию молиявии корхона аксари мавридҳо зарур мебошад, ки қарори идоракунӣ оид ба сармоягузорӣ қабул намоянд.

Қарори идоракунӣ доир ба сармоягузорӣ — ҷараёни асосноккунӣ, амалигардонӣ ва назорати шакли самараноки маблағгузории сармоявӣ мебошад, ки дар асоси таҳлили ҳамаҷонибаи баҳисобгирии идоракунӣ ва молиявӣ барои зиёд кардани қудрати иқтисодии корхона равона карда шудааст. Сармоягузорӣ ба истеҳсолӣ ва молиявӣ ҷудо карда мешаванд.

пешина
аз 512
навбатӣ