Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

ин, ё он намуди мавод, фурӯши маҳсулот аз анбор, мукофотпулиҳо, ахбори кӯтоҳи содда ва ҳатто даҳонӣ низ кифоя мебошад.

Аксар мавридҳо дида мешавад, ки менеҷер зуд қарор қабул мекунад ва ин нишони он мебошад, ки ӯ оид ба ин масъала ахбори дуруст дорад.

Қарори стратегӣ ва сармоягузорӣ ахбори бештар талаб мекунад, чунончи таҷҳизоти нав харидан ва ё тағйир додани технологияи истеҳсолот ахбори пурра ва ҳамаҷониба таҳлил кардашудаи касбӣ ва миқдори зиёди вақтро талаб мекунад.

Тайёр кардани ахбор барои қабули қарорҳои идоракунии дарозмуддат ва кӯтоҳмуддат дар асоси усулҳои баҳисобгирии идоракуние, ки ҷорӣ намудани он аз дигар шакли баҳисобгирӣ бартарият дорад, бояд амалӣ гардад.

Ахбори молиявӣ барои қабули қарори идоракунӣ ва назорат барои дараҷаи хароҷотҳо дар корхонаҳо, дар асоси таҳлили истеҳсолоти фоиданок тайёр карда мешавад. Ғайр аз ин ба омилҳои кам будани вақт, омилҳои беруна чун фаъолияти рақибон қобилияти харидорон таъсир мерасонад.

Вазифаи баҳисобгирӣ оид ба тайёр кардани ахбори зарурӣ, барои қабули коргар, нархгузорӣ мебошад. Бинобар ин ахбор бояд, ки ҳамаҷониба ва муқоисашаванда бошад, дар он бояд тарафҳои мусбат ва манфии натиҷаи қабули қарорҳои идоракунӣ амиқ нишон дода шаванд.

Корхона бояд фаъолияти худро аз сохтани буҷаи солона сар карда, муайян намояд, ки чӣ қадар фоида метавонад гирад.

Дар ин ҳолат мақоми асосиро нарх ва хароҷотҳо барои истеҳсоли маҳсулот мегирад. Албатта нарх дар ин ҳолат натиҷаи талаботи бозорӣ ба маҳсулот мебошад.

Дар шароити бозор нарх ба молҳо аз хоҳиши истеҳсолкунанда вобастагӣ надорад, балки он дар асоси талаботу таклифоти бозор ба танзим дароварда мешавад.

Истеҳсолкунанда фақат дар асоси кам кардани хароҷотҳо, баланд бардоштани сифати мол ва зиёд кардани ҳаҷми молҳо таъсир расонида метавонад.

Бинобар ин дар корхона сиёсати нархии ҷиддӣ зарур аст, ки дар асоси дониши хуб ва ҷавобҳо ба саволи зерин бояд тартиб дода шавад:
нархи моли мо дар бозор чӣ қадар мебошад?

пешина
аз 512
навбатӣ