Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Вобаста ба объектҳои истеҳсолӣ сиёсати баҳисобгирӣ мумкин аст, ки фарқ кунад: мисол:
- Доир ба воситаҳои асосӣ унсурҳои асосии сиёсати баҳисобгирӣ инҳо мебошанд:
-
интихоби тарзи ҳисоб кардани амортизатсияи воситаҳои асосӣ;
-
муайян кардани мӯҳлати истифодаи воситаҳои асосӣ;
-
муайян кардани тартиботи аз эътибор соқит кардан, таъмир ва фурӯхтани фондҳои асосии корхона.
- Доир ба захираҳои материалӣ - истеҳсоли унсури асосии сиёсат, ин интихоби усули баҳодиҳии захираҳои истифодакардашуда, ки усулҳои зерин истифода мешавад:
-
аз рӯи арзиши аслии ҳар як маҳсулот;
-
аз рӯи арзиши аслии миёна, ки дар охири ҳар як моҳ муайян карда мешаванд, бо намудҳои якхелаи захираҳо.
-
аз рӯи арзиши аслии партияи якуми истеҳсолшуда;
-
аз рӯи арзиши аслии партияи охири истеҳсолшуда.
- Зимни баҳисобгирии хароҷот барои истеҳсол ва барориши маҳсулот унсурҳои сиёсати баҳисобгирӣ инҳо мебошанд:
-
муайян кардани марказҳои хароҷот;
-
муайян кардани назорат оид ба хароҷот ва шахсони масъул;
-
интихоби гурӯҳбандии хароҷот ва аз эътибор соқит кардани он;
-
интихоби сохтори ҷамъбастӣ;
-
интихоби баҳои истеҳсолоти нотамом;
-
интихоби тарзи тақсимоти хароҷоти бевосита ба арзиши аслии маҳсулот;
-
интихоби усули баҳисобгирии арзиши аслии маҳсулот.
Вазифаи асосии ташкили баҳисобгирии идоракунӣ таъмин намудани ахбори молиявӣ барои роҳбарони корхонаҳо мебошанд.
Ахбори дуруст ва ҳамаҷониба таҳлилшуда, ки саривақт ва бо миқдори
зарурӣ пешниҳод мешавад, ба менеҷерон имкон медиҳад, ки қарори оптималии
идоракунӣ қабул намоянд. Албатта вобаста аз мураккабии қарор ахбори дараҷаи
зарурӣ талаб карда мешавад. Аммо барои қабул кардани қарор оид ба харидани

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо