Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
ҳаҷми фаъолияти ташкилот (ҳаҷми маҳсулот ва фурӯши он, миқдори
коргарон, арзиши моликият);
сохтори идоракунии ташкилот ва сохтори баҳисобгирии бухгалтерӣ,
молиявӣ ва баҳисобгирии идоракунӣ;
стратегияи молиявии ташкилотҳо;
базаи материалӣ (мавҷудияти воситаҳои техникӣ. Бақайдгирии ахбор,
техникаи компютерӣ);
дараҷаи инкишофи системаи ахборӣ дар ташкилот, аз он ҷумла баҳисобгирии идоракунӣ.
дараҷаи ихтисосмандӣ ва малакаи дониши коргароне, ки баҳисобгирии идоракуниро пеш мебаранд.
Сиёсати идоракунии баҳисобгирӣ аз тарафи коргароне кор карда баромада мешавад, ки вазифаи ташкил ва бурдани ҳисоби идоракуниро доранд ва аз тарафи роҳбари ташкилот тасдиқ карда мешавад.
Дар ин ҳолат пешниҳод карда мешавад:
варианти интихобкардан ташкилот барои баҳисобгирӣ ва баҳои объекти
баҳисобгирӣ;
нақшаи кории счетҳои баҳисобгирии идоракунӣ;
шаклҳои ҳуҷҷатҳои аввала ва регистрҳои баҳисобгирӣ, ки дар баҳисобгирии идорагӣ истифода карда мешаванд.
шакли ҳисоботи марказҳои ҷавобгарӣ;
номгӯи марказҳо ва масъуриятҳо;
усули ҷамъбасти арзиши аслии маҳсулот дар ташкилот;
нархҳои ҳисоботӣ;
қоидаи ҳуҷҷатгузорӣ ва технологияи коркарди ахбори ҳисобӣ;
тартиботи назорат оид ба фаъолиятҳои хоҷагидорӣ;
дигар қарорҳое, ки вобаста аз ташкили баҳисобгирӣ пайдо мешавад.
Қабули сиёсати баҳисобгирии ташкилот ба ҳуҷҷати расмии фармон, ё супориши роҳбари корхона мустаҳкам карда мешаванд.
Усулҳои баҳисобгирие, ки ташкилот қабул мекунад аз 1-уми январи соли нав қабул карда мешавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо