Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Бо мақсади он ки ҷараёни баҳисобгирии хароҷотҳо ба талабот ҷавобгӯ бошанд, дар ҳар як ташкилотҳо «Марказҳои масъулиятнок, ё худ ҷавобгарӣ» ташкил карда мешаванд.

Маркази масъулиятнок, ё ҷавобгарӣ - қисми сохтори баҳисобгирӣ аст, ки барои назорати фаъолияти он равона шудааст.

Вобаста аз мақсаднокӣ ва имконотҳо истифодаи фоида ва истифодаи он иҷрои функсияҳои истеҳсолӣ ба роҳ монда мешавад.

Марказҳои масъулиятнок 7 хел мешаванд:

  1. Маркази хароҷот.

  2. Маркази фоида.

  3. Маркази сармоя.

  4. Маркази таъминот.

  5. Марказ оид ба истеҳсолот.

  6. Марказ оид ба фурӯш.

  7. Марказ оид ба идоракунӣ.

24.5. Ташкили шаклҳои баҳисобгирии идоракунӣ

Вобаста аз ташкили баҳисобгирии идоракунӣ ҳар як ташкилот сиёсати баҳисобгирии худро ташкил медиҳад, ки кулли усулҳо ва шаклҳои бурдани баҳисобгирӣ ва тартиб додани ҳисоботҳо ба он шомил мешаванд.

Ташкили усулҳои баҳисобгирӣ гуфта, тарзи гурӯҳбандӣ ва баҳодиҳии фаъолияти хоҷагӣ, пӯшонидани арзиши активҳо, ташкили гардиши ҳуҷҷат, усули истифодаи счетҳои баҳисобгирии бухгалтерӣ, системаи регистрҳои бухгалтерӣ, коркарди ахбор ва дигар усулу шаклҳоро меноманд.

Ба интихоб ва асосноккунии сиёсати баҳисобгирӣ омилҳои зерин таъсир мерасонанд:

шакли ташкили ҳуқуқии ташкилот (ҷамъиятӣ, акционерӣ, корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ);

ба кадом соҳа тааллуқ доштан ва шакли фаъолият (саноат, хоҷагии қишлоқ, тиҷорат, сохтмон, миёнарав, муассисаҳои ҷамъиятӣ ва ғайра);

пешина
аз 512
навбатӣ