Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Дар давлатҳои тараққикардаи дунё баҳисобгирии хароҷот ва калкулятсияи арзиши аслии маҳсулотро баҳисобгирии идоракунӣ фаро мегирад, чунки ахбори дурусти саривақтӣ барои идоракунии арзиши аслии маҳсулот, аз тарафи маъмурияти корхона асосӣ мебошад. Дар мамлакати мо бошад, то ҳанӯз баҳисобгирии арзиши аслии маҳсулот ва ҷамъбасти он ҳамчун қисми таркибии ҷудошавандаи системаи баҳисобгирии бухгалтерӣ боқӣ мондааст.
Ташкили баҳисобгирии хароҷоти истеҳсоли маҳсулот дар асоси қоидаҳои зерин ташкил карда мешаванд:
- тағйирнаёбанда будани хароҷот ва гурӯҳбандии ҷамъбасти онҳо дар давоми сол;
- фаро гирифтани баҳисобгирии фаъолияти пурраи корхона;
- дуруст ба ҳисоб гирифтани даромад ва хароҷот дар давраи ҳисоботӣ;
- баҳисобгирии хароҷоти ғайриаслӣ ва хароҷоти сармоявӣ;
- муайян кардани таркиби арзиши аслии маҳсулот;
- мувофиқ омадани арзиши аслии воқеӣ ба нишондиҳандаҳои нақшаи меъёрӣ.
Яке аз шартҳои зарурии ахбори пурра гирифтан оид ба арзиши аслии маҳсулот, ин пурра аниқ кардани таркиби хароҷоти истеҳсолӣ мебошад. Аслан таркиби хароҷоти истеҳсолӣ аз тарафи давлат муайян карда мешаванд ва як қатор ҳуҷҷатҳои танзимкунанда, чун дастурамал ва низомномаҳои баҳисобгирии бухгалтерӣ, нақшаи ҳисобҳои кодекси андози ҷумҳурӣ ва ғайра, ки пайваста аз тарафи органҳои давлатӣ ба танзим дароварда мешаванд, мавриди истифода қарор мегирад.
Аслан се шакли баҳисобгирӣ дар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дида мешаванд:
- Шакли баҳисобгирии бухгалтерӣ барои корхонаҳои буҷавӣ.
- Шакли баҳисобгирии бухгалтерӣ барои корхонаҳои ғайрибуҷавӣ.
- Шакли баҳисобгирии кӯтоҳкардашуда, барои корхонаҳои хурд.
Вобаста аз шаклҳои баҳисобгирӣ нақшаи ҳисобҳо, усули баҳисобгирӣ низ тағйир меёбад, ки ин фаъолиятҳоро Шумо дар вақти омӯзиши фанни «Баҳисобгирии бухгалтерӣ» пурра меомӯзед.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо