Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Танзимшаванда - хароҷотҳо, ки аз қарорҳои менеҷер вобастагӣ надорад. Барои роҳбарони олии ташкилот бошад, қариб ҳамаи хароҷотҳо танзимшаванда мебошанд. Барои сардори коргоҳ - хароҷоте, ки дар ҳудуди коргоҳ аст танзимшаванда, хароҷотҳои умумиҳоҷагӣ, танзимнашаванда мебошад.
Вобаста аз имкони гузаронидани назорат хароҷотҳо мешаванд назоратӣ ва ғайриназоратӣ.
Дар шароити иқтисоди бозорӣ арзиши аслии маҳсулот унсури асосии нишондиҳандаи фаъолияти истеҳсолию хоҷагидории ташкилот мебошад.
Ҳисоб кардани ин нишондиҳанда барои баҳои иҷрои нақша аз рӯи ин нишондиҳандаҳо ва динамикаи он, муайян кардани арзиши аслии маҳсулот ва шаклҳои алоҳидаи он, ҷорӣ кардани ҳисоби дохилиҳоҷагӣ, муайян кардани захираҳои паст кардани арзиши аслии маҳсулот, дохил кардани технологияи нави истеҳсолӣ, чорабиниҳои ташкилию техникӣ, асосноккунии қарор оиди қарори истеҳсолӣ маҳсулоти нав ва аз истеҳсолот гирифтани кӯҳна мебошад.
Идоракунии арзиши аслии маҳсулоти корхона - ин ҷараёни нақшавии ташаккули хароҷотҳо барои истеҳсоли тамоми маҳсулот ва арзиши аслии унсурҳои алоҳида, назорат оиди иҷроиши супоришҳо, доир ба паст кардани арзиши аслии маҳсулот, ёфтани захираҳои паст кардани он мебошад. Унсури асосии системаи идоракунии арзиши аслии маҳсулот ин ояндабинӣ ва банақшагирию бамеъёргирии хароҷотҳо, баҳисобгирӣ, ҷамъбаст, таҳлил ва назорати арзиши аслии маҳсулот мебошад.
Ҳамаи ин унсурҳо дар алоқамандии зич бо якдигар амал мекунанд.
Вазифаҳои асосии баҳисобгирӣ ва ҷамъбасти арзиши аслии маҳсулот:
- баҳисобгирии ҳаҷм, номгӯй ва сифати маҳсулоти истеҳсолшуда;
- иҷрои кор, хизматҳо ва назорат оид ба иҷрои нақша аз рӯи ин нишондиҳандаҳо;
- баҳисобгирии хароҷотҳои ҳақиқӣ барои истеҳсоли маҳсулот ва назорати истифодабарии ашё, захираҳои мавод, имконияти меҳнатӣ ва ғайра;
- назорати хароҷотҳо мувофиқи сметаи хароҷотҳо доир ба хизматрасонии истеҳсолот ва идоракунӣ;
- муайян кардани натиҷаи фаъолияти кории сохторҳои таркибии алоҳида ва марказҳо оид ба паст кардани арзиши аслии маҳсулот, муайян кардани имконотҳо.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо