Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Барои қабули қарори идоракунӣ хароҷотҳо ҷудо карда мешавад:
❖ гардишӣ, нимгардишӣ ва доимӣ;
❖ ба ҳисоботҳо дохилшаванда ва ба ҳисоботҳо дохилнашаванда;
❖ воқеӣ ва интихобӣ;
❖ бебозгашт;
❖ афзоянда ва ҳудудӣ.

Вобаста ба муносибат ба ҳаҷми маҳсулот, хароҷотҳо ба гардишӣ нимгардишӣ ва доимӣ ҷудо карда мешаванд:

Хароҷотҳои гардишӣ - хароҷотҳое, ки ҳаҷми онҳо вобаста аз ҳаҷми маҳсулот тағйир меёбад - ашё ва мавод, музди меҳнати коргарони истеҳсолӣ, ашёи хом, сӯзишворӣ, қувва барои заруриятҳои истеҳсолӣ ва ғайра. Ғайр аз хароҷотҳои бевоситаи гардон, боз хароҷотҳои гардони бавосита ҷудо карда мешаванд, маводи ёрирасон, хароҷотҳо барои асбобҳо, музди меҳнати соатбайъ, оператор, коргари компютер.

Хароҷотҳои шартан гардишӣ, ё худ нимгардишӣ - хароҷотҳое, ки аз ҳаҷми маҳсулот вобаста мебошанд, лекин ба ин вобастагӣ баробар нест. Қисме аз ин хароҷотҳо тағйир ёфта, қисме тағйир намеёбанд. Ба ин хароҷотҳо дохил мешаванд: хароҷотҳои телефонӣ, гуфтугӯи байналхалқӣ, интернет, факс ва ғайра.

Хароҷотҳое, ки ба ҳисобот дохил карда мешаванд, ин хароҷотҳое, ки ба қабули қарор тааллуқ доранд. Хароҷотҳое, ки ба ҳисобот дохил мешаванд, онҳое, ки ба қабули қарор дохил намешаванд.

Хароҷотҳои воқеӣ - ин хароҷотҳое, ки ташкилот барои ҷараёни истеҳсолот ва фурӯши маҳсулот ҳақиқатан сарф кардааст.

Хароҷотҳои интихобӣ дар шароите пайдо мегарданд, ки захираҳо хеле маҳдуд буда, интихоби муодили беҳтар аз якчанд муодилҳо пеш меояд.

Бо мақсади гузаронидани назорат ва танзимӣ хароҷотҳо ҷудо карда мешаванд:
❖ танзимшаванда ва танзимнашаванда;
❖ хароҷотҳои ҳудуди меъёрӣ, нақша, смета, фарқият аз нақшаю меъёр.
❖ Танзимшаванда - хароҷотҳоеро меноманд, ки дараҷаи онҳо аз менеҷери зинаи мувофиқи идоракунӣ вобаста аст.

пешина
аз 512
навбатӣ