Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Муносибат ба арзиши аслии маҳсулот - хароҷотҳо ҷудо мешаванд ба дохилшаванда ва дохилнашаванда ба арзиши аслии маҳсулот.

Ба хароҷотҳои дохилшаванда арзиши аслии маҳсулот, арзиши истеҳсолоти нотамом дар аввали сол ва ҳамон хароҷотҳое, ки бевосита ба истеҳсоли маҳсулот тааллуқ доранд шомил мешаванд.

Расми 4.
Гурӯҳбандии хароҷотҳо барои ҳисоб кардани арзиши аслии маҳсулот.

№ Нишондоҳи гурӯҳбандӣ Намуди хароҷот

  1. Аз рӯи муносибат ба арзиши Дохилшаванда ва
    аслии маҳсулот дохилнашаванда
  2. Аз рӯи мазмуни Аз рӯи унсурҳо ва қисмҳои
    иқтисодӣ хароҷотҳо
  3. Аз рӯи мақоми иқтисодӣ дар
    ҷараёни истеҳсолӣ Асосӣ ва илованавишт
  4. Аз рӯи таркиб Бевосита ва бавосита
  5. Аз рӯи дохил кардан ба арзиши
    аслии маҳсулот Якунсура ва мукаммал
  6. Аз рӯи давраи пайдоиш Ҷорӣ ва якбора
  7. Аз рӯи иштирок дар ҷараёни
    Истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ
    истеҳсолот
  8. Аз рӯи самаранокӣ Ҳосилнок ва ғайриҳосилнок
  9. Аз рӯи инъикос дар Банақшагиранда ва
    бизнес-нақша банақшанагиранда
  10. Аз рӯи имкони Бамеъёргиранда ва
    бамеъёргирӣ бамеъёрнагиранда
  11. Аз рӯи вақти Хароҷотҳои давраи гузашта,
    пайдоиш давраи ҳисоботӣ, давраи оянда

Хароҷотҳое, ки ба арзиши аслии маҳсулот дохил карда намешаванд, инҳоянд: истеҳсолоти нотамоми охири сол, хароҷотҳое, ки ба истеҳсоли маҳсулот бевосита ба истеҳсоли маҳсулот дахл надоранд, ва қисме аз хароҷотҳои давраи оянда.

пешина
аз 512
навбатӣ