Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Сифати менеҷмент - ҳамчун ҷараёни таъсиррасонӣ дар натиҷаи фаъолияти фаъолгардонӣ, ташкили мотивасионӣ ва равандсозӣ муайян мешавад, ки қоидаи интихоби восита ва усули таъсиррасониро муайян месозад. Доир ба сифати фаъолияти идорӣ баъди амалӣ гаштани он баҳо додан мумкин аст. Сифати таъсиррасонии идоракунӣ бошад, дар иҷрошавандагӣ, саривақтӣ, дурустии интихоби роҳ ва воситаҳои ҳалли қарори масоилони истеҳсолию хоҷагидорӣ зоҳир мегардад.
Дар вақти баҳо додани ҷараёни коркард ва амалӣ гардонидани қарори идоракунӣ нишондиҳандаҳои зерини сиёсии он муайян карда мешавад:
- Оптималӣ - яъне интихоби варианти беҳтарин.
- Саривақтӣ - мувофиқати қарор бо вақт.
- Сарфкорӣ - хароҷоти минималӣ ва зарари минималӣ.
- Таваккалкорӣ - эҳтимолияти минималии дараҷаи зарар.
- Моҳияти иҷтимоӣ - тақсимкунини фоиданокии иҷтимоӣ.
- Ҳимояи ҳуқуқӣ - таъминоти меъёри ҳуқуқӣ.
- Коммуникативӣ - боваринок ва пурқувват.
Сифати амалигардонии қарор сифати натиҷаи таъсиррасонии самаранокии идоракуниро муайян месозанд, ки бо нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ташкилӣ, сиёсӣ ва экологӣ баҳо дода мешаванд.
Мазмуни мафҳуми «сифати системаи идоракунӣ» моҳияти ҷараёни идоракунӣ мебошад, ки коркарди воситаҳо ва усулҳои алоқамандии унсурҳои система дар байни якдигар, ва муҳити беруна, мувофиқати он ба талаботҳои истеҳсолӣ бо назардошти технологияи пешқадами ҷаҳонӣ ва ватанӣ, инкишофи иқтисодӣ ва идоракуниро фаро мегирад. Тавсифҳое, ки бо дараҷаи баланд сифати системаи идоракуниро муайян месозанд:
- Иҷтимоию иқтисодӣ:
- мақоми ташкилот дар дараҷаи миллӣ ва ҷаҳонӣ;
- эътибори ширкат;
- бартарияти рақобатнокӣ.
- Молиявию иқтисодӣ:
- сарфкорӣ;
- даромаднокӣ;
- фоиданокӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо