Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

нишондиҳандаҳо ба якдигар алоқаманд мебошанд ва якдигарро пурра мекунанд. Сифати меҳнат ба сифати истеҳсолот таъсир мекунад, сифати истеҳсолот дар навбати худ ба сифати мол таъсир мерасонад, сифат моҳият ва зарурати мол, фаъолиятҳо ва иҷрои функцияи онро дар худ иникос мекунад.

Ҳар як маҳсулот ба худ мақсади аниқ ва хусусиятҳои функционалии хос дорад ва маҳз ҳамин нишондиҳандаҳо тарафҳои сифати молро муайян месозанд. Мисол, агар автомобил барои ҳаракат кардан таин шуда бошад, вай бояд, ки имкони комфорт, суръат, хароҷоти иқтидор, дарозмуддатӣ, нарх ва ғайраро дошта бошад.

Ҳамин тариқ, якчанд хусусияти хоси сифатро муайян кардан мумкин аст:

  • сифат иникоси таъинотии мол ва хизматҳо мебошад;
  • сифати фаъолият ва омилҳои истеҳсолии сифати молро муайян месозанд;
  • сифати маҳсулот ва сифати фаъолият системаи нишондиҳандаҳои тарафҳои алоҳидаи он мебошад;
  • сифати маҳсулот ҳамчун мақсади системаи истеҳсолию хоҷагидорӣ баромад мекунад, то ки шароитҳоро барои ташаккули системаи идоракунии сифат муҳайё созад.

Дар асоси нишондиҳандаҳои дар боло гуфта мешавад, ки гурӯҳи «сифати менеҷмент»-ро дида бароем. Дар ин ҳолат менеҷментро ҳамчун фаъолияти идоракунӣ ва системаи идоракунӣ дида мебароем.

Нишондиҳандаҳои асосии сифати фаъолияти идоракунӣ ин сифати меҳнат мебошад, ки иникоси моҳият, хусусият ва қобилияти ҳосилнокии онро дорад.

Сифати меҳнат дар сифати моли меҳнат зоҳир мегардад. Маҳз сифати маҳсулот бо сифати таъиноти функционалии меҳнати идоравӣ баромад мекунад. Бо сабаби мураккабии ченаки қувваи истеҳсолкунандаи меҳнати идоравӣ, хусусиятҳои сифатии меҳнат ва маҳсули онро дида мебароем.

Тавсифи сифатии меҳнати идоракунӣ инҳо мебошанд: эҷодкорӣ ҳамчун шакли меҳнати фикрӣ, ташаббускорӣ, навоварӣ, саривақтӣ, хислати коллективӣ доштан, дараҷаи таваккал, масъулиятнокӣ, сарфакорӣ, ҳосилнокии баланд, натиҷадор.

Ба сифати умумии меҳнати идоракунӣ вобастагӣ ва предмети меҳнат дохил мешаванд.

пешина
аз 512
навбатӣ