Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Ахборӣ технологӣ:
    ❖ навоварӣ;
    ❖ мусаллаҳшавии ахборӣ.
  2. Ташкилӣ:
    ❖ бонизомӣ;
    ❖ одатшуда;
    ❖ дараҷаи такрористеҳсол;
    ❖ ҳадди баланди истифодаи захираҳо;
    ❖ ташаббуси коргарон.
  3. Иҷтимою рӯҳӣ:
    ❖ тарзи роҳбарӣ;
    ❖ сохтори расмӣ ва ғайрирасмии идорӣ;
    ❖ этикӣ;
    ❖ маҳорати касбии кормандон.
    Ҳамин тариқ, сифати менеҷмент гуфта, кулли хусусиятҳои мавҷудаеро меноманд, ки қобилияти системаи идоракуниро дар таъмин намудани талаботи истеҳсолот, ташаккули шароит ва захираҳои фаъолияти корхона тавсиф менамояд.

Шакли қабулшудаи сифати менеҷмент инҳо мебошанд:
❖ сифати меҳнати идоракунӣ;
❖ сифати ҳайати идоравӣ;
❖ сифати ҷараёни идоракунӣ;
❖ сифати мазмуни фаъолияти идоракунӣ (истеҳсолот, маркетинг, молия, идора ва ғайра).

24.2. Давраҳои инкишофи системаи идоракунии сифат ва стандартикунонӣ

Ҳалли масъалаи сифат идоракуниро бо маънии васеъ талаб мекунад, яъне он фаъолияте мебошад, ки бо мақсади муайян кардану нигоҳ доштан ва баланд бардоштани дараҷаи зарурии сифати мол, истифодабарӣ ва истеъмоли маҳсулоти поистеҳсолӣ, давраҳои истеҳсолӣ ва баъдиистеҳсолиро дар бар мегирад.

пешина
аз 512
навбатӣ