Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Таҳлили нишондиҳандаҳои қарор дар мавзӯҳои гузашта маълум менамояд, ки ҳар як шакли қарор торафт мураккаб мегардад. Бояд қайд кард, ки новобаста аз зинаҳои идоракунӣ, иштироккунандагони қабули қарор ба таъсири омилҳои муайяни бо ҳам алоқаманд гирифтор мешаванд.

Баҳои шахсии
менеҷерине, ки
дар қабули қарори
идоракунӣ
иштирок мекунанд

Муҳити қабули қарор

Вақт ва
суръати
тағйирёбии
муҳит

Дараҷаи
муайянии
ҷараёнҳо

Дараҷаи
таваккал

Маҳдудиятҳо ҳангоми қабули қарор

Ахборӣ

Рафторӣ

Натоиҷ аз қабули қарор

Алоқамандии муодили қарор

Расми 13. Кулли омилҳое, ки ба қабули қарори истеҳсолӣ таъсир мекунанд.

Қисми зиёди қарорҳои идоракунии оқилона барои таъмин намудани фаъолияти истеҳсолию функционалии ташкилот аз рӯи қисмҳои таркибии зерин ҷараён мегирад:

идоракунии ахбор;
идоракунии коргарон;
идоракунии технологӣ;
идоракунии молистеҳсолкунандагон, хизматҳо ва молия.

Аслан дар вақти қабули қарори идоракунии истеҳсолӣ ҳафт ченаки таъсири он ба натиҷагирӣ муайян шудааст:

  1. Сифати ҳаёти меҳнатии ташкилот.
  2. Таъсиррасондагии қарори идоракунӣ.
  3. Сарфакорӣ дар қарори идоракунӣ.
пешина
аз 512
навбатӣ