Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Сифат. Таъмини дараҷаи сифатии фаъолияти корхона.

  2. Таъмини ҳосилнокии баланд.

  3. Таъмини фоиданокии ташкилот.

  4. Таъмини инкишоф ва пешравии сифатии ташкилот ва ҳайати коллектив.

Ба сифати нишонҳои гурӯҳбандии қарорҳои истеҳсолӣ чунин унсурҳо қабул шудааст:

  1. Зинаи менеҷмент, ки қарорро қабул менамояд.

  2. Мақсади қарор.

  3. Доираи қарор.

  4. Схемаи ташкили коркарди қарор.

  5. Давомнокии фаъолияти қарор.

  6. Объекти иҷрои қарор ва таъсири он.

  7. Доираи таъсир (техникӣ, ҳайат, молиявӣ, идоравӣ ва ғайра).

  8. Зерсистемаи менеҷмент.

  9. Давраҳои ҳаётии мол.

  10. Усули ба расмиятдарории қарор.

  11. Шакли пешниҳод (нақша, барнома, фармон, супориш, пешниҳод, хоҳиш ва ғайра).

  12. Мураккабӣ.

  13. Усули асосноккунӣ.

  14. Тарзи пешниҳод.

Вобаста аз нишонҳои дар боло қайд кардашуда панҷ нишони гурӯҳбандии қарори истеҳсолӣ ҷудо карда мешаванд:

  1. Зинаи пайдарпайи менеҷмент.

  2. Вазифаи иҷрошаванда.

  3. Қоидаи коркарди қарор.

  4. Хислати ахбори бароянда.

  5. Усули асосноккунии қарор.

Умуман, омилҳои асосие, ки ба натиҷагирии қарор таъсир мерасонанд, ин баҳои шахсиятҳое мебошад, ки дар коркард ва қабули қарор иштирок менамоянд.

пешина
аз 512
навбатӣ