Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

тартиби коркарди қарор (шахсӣ ва дар зинаҳои гуногун, коллективӣ ва ғайра);

усули ба расмиятдарорӣ (хаттӣ, ҷадвалӣ, риёзӣ);

шакли иникос (барнома, супориш, фармоиш, хоҳиш);

дараҷаи мураккабӣ (стандартӣ ва ғайристандартӣ);

тарзи пешниҳод ва ғайра.

Барои системаи менеҷерон он чиз мувофиқат мекунад, ки новобаста аз иштирок дар кадом қисми идоракуние, ки набошад, қарорро итоаткунандагон иҷро мекунанд. Албатта қарор бо манфиати фаъолияти ташкилот қабул карда мешавад.

Бо манфиати идоракунии оҷилона дар шароити норасогии доимии вақт зарур мебошад, ки менеҷерон қобилияти коркарди қарори «сифатан» хубро дошта бошад. Таҷрибаи менеҷмент нишон медиҳад, ки «технологикунонӣ»-и коркарди қарор дар ҷараёни иҷрои он мақоми муҳим дорад.

Аксар маврид қарорҳо вобаста аз натиҷаҳои талабшаванда ҷудо мекунанд:

ҳаррӯза ва содда;

интихобии каме мураккаб;

мувофиқкунанда;

навоварӣ, қарорҳои мураккаби масъулияти калон дошта;

консептуалӣ, қарорҳои стратегӣ, бозори нав, шакли нави фаъолият.

ТОП
менеҷерон

Менеҷерон
табақаи миёна

Менеҷерон
табақаи поёнӣ

Консептуалӣ
навоварӣ

Мувофиқкунанда

Интихобӣ

Ҳаррӯза

Дараҷаи ҳуқуқӣ
ва ҷавобгарӣ ба
натиҷаи қарор
дар ҳудуди
муайяншудаи
зинаҳои
идоракунӣ

Расми 12. Алоқамандии шакли қарор ба дараҷаҳои гуногуни менеҷерон ва дараҷаи масъулият.

пешина
аз 512
навбатӣ