Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Мувофиқи таъминоти мактаби америкоии менеҷмент қарори идоракунӣ ҳамчун «ҷараёни пайвасткунандаи» фаъолиятҳои корхона хизмат мекунанд. Ин мазмуни онро дорад, ки қарори идоракунӣ, яке аз фаъолияти функционалие мебошад, ки ба раванди коркард ва амалӣ гардонидани ҳар яке аз функцияҳои менеҷер (банақшагирӣ, ташкил, роҳбарии оҷилона ва назорат) фаъолона таъсир мерасонад.
Зарурияти қабули қарори менеҷерон доир ба функцияҳои асосӣ
ва алоқаи байни онҳо
Банақшагирӣ
Ташкил
Роҳбарии
оҷилона
Назорат
Вақт ҳамчун омили таъсиррасонӣ
Зарурияти мавҷудияти
захираҳо
Шароити норасогии
доимӣ
Расми 11. Қарор ҳамчун ҷараёни васлкунанда дар менеҷмент.
Таҷрибаи менеҷмент омилҳои муҳими таъсиррасонандаро ба хусусияти қабули қарор бо манфиати роҳбарии оҷилона дар зинаҳои гуногуни истеҳсолӣ пайдарпайи дараҷаи менеҷерон чунин муайян намудааст:
норасогии доимии вақт барои ҳамаи дараҷаҳои менеҷерон; хислати қарорҳои қабулшуда дар зинаҳои гуногун; ҳудуди қарорҳои қабулшуда, вобаста аз моҳияташон: иқтисодӣ, ташкилӣ, техникию технологӣ, идоракунӣ ва ғайра; хусусияти шаклҳои гуногуни қарорҳо (навоварӣ, концептуалӣ, идоракунӣ ва ғайра); доираи таъсиррасонии қарор (соҳибкорӣ, ҳайат, техника ва технология, системаи идора, мол ва хизматҳо);

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо