Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Механиконидашуда, ки роли одам дар идоракунии таҷҳизоте, ки фаъолияти муайянро иҷро мекунад, зоҳир мегардад. Автоматикунонидашуда, ҷои коре, ки коргар назорати идорании таҷҳизотҳоро дорад, яъне ба нишондиҳандаҳою ченакҳо назорат карда меистад, то ки занҷири технология дар ҷараёни кор канда нагардад.

  1. Аз рӯи хизматрасонӣ ба таҷҳизотҳо, ҷои кор барои хизмати як таҷҳизот ва ҷои кор барои хизмати якчанд таҷҳизот муқаррар мешавад.

  2. Вобаста аз ҷойгиршавӣ ҷои кор ба намудҳо тақсим мешаванд:
    ❖ дар дохили бино;
    ❖ дар ҳавои кушод;
    ❖ дар зери замин, ё об;
    ❖ дар кайҳон.

  3. Аз рӯи миқдори бастҳои корӣ, мешаванд, бастӣ, якунимбастӣ ва дубастӣ.

  4. Вобаста аз хислати фаъолияти меҳнатӣ ҷои кории коргари оддӣ - яъне шахсе, ки объектҳои моддиро дигаргун месозад, ҷои кори хизматчӣ, ки фаъолиятҳои гуногунро аз рӯи ахборҳо иҷро месозад.

  5. Ҷои корне, ки ба доираҳои гуногуни фаъолият нигаронида шудаанд: истеҳсолӣ, идоракунӣ, таъминотию фурӯш, тадқиқоти илмӣ ва гр.

Ҳар як ҷои кор бояд ба таҷҳизотҳои зарурӣ таъмин карда шуда бошанд. Таҷҳизотҳои ҷои кор доимӣ ва ҳаракаткунанда мешаванд.

Системаи чорабиниҳое, ки барои таъмини ҷои кор ва таҷҳизонидани он равона карда шудааст, дар менеҷмент ташкили ҷои кор номида мешавад. Асоси ташкили ҷои корро банақшагирии он, яъне дуруст ҷобаҷогузории таҷҳизот, мебел, таҷҳизотҳои равшандиҳанда, воситаҳои корӣ, ки бо ҳаракати кам кори зиёд иҷро карданро таъмин созад.

Як қатор қоидаҳои ташкили ҷои кор ҷудо карда мешаванд:

  1. Баҳисобгирии алоқамандии коргарон дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ, инчунин пайдарпаии иҷрои ин, ё он фаъолиятҳо. Риояи ин талабот имкон медиҳад, ки ҳаракати коргаронро аз як коргоҳ ба коргоҳи дигар, ё аз ҷои кор ба дигар ҷои кор дар масофаҳои зиёд кам кунем.
пешина
аз 512
навбатӣ