Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Истеҳсолоти даврӣ — гуногунии номгӯи маҳсулот, дар ҳар як ҷои корӣ якчанд фаъолиятҳои ҳамранг, тайёр кардани гурӯҳи маҳсулот аз рӯи реҷаи корӣ ва навбат.
Вобаста аз ҳаҷм давраҳо ва бастҳо калонҳаҷм ва хурдҳаҷм мешаванд.
Дар истеҳсолоти даврӣ пайдарпании функционалии ташкили истеҳсолот дида мешавад, моли нимтайёр аз як коргоҳ қитъа ба қитъаи дигар мегузарад, дар натиҷа хароҷотҳои нақлиётӣ ва вақт кам сарф мешаванд.
Истеҳсолоти оммавӣ ба истеҳсоли ҳаҷми калони маҳсулоти номенклатураи ҳамранг, ки истеъмолкунандаи якхела доранд, дар истеҳсолоти оммавӣ, ки ҳар як ҷузъ коркарди якхеларо мегузаранд, дар хатти гурӯҳи ташкилии технологӣ истифода карда мешаванд ва таҷҳизоту ҷои корӣ дар пайдарпании қатъии хатти технологӣ ҷойгир карда мешаванд.
Технологияне, ки ба коркарди бетанаффуси захираҳо, аз системаи истеҳсолӣ, мегузаранд, ёзандагии кам дошта, махсусгардонии борик, автоматикунонии фаъолиятҳо ва ба истифодаи меҳнатӣ дараҷаи тахассусии паст асос ёфтааст, ки сарфакориро дар тамоми ҷараёни истеҳсолӣ таъмин месозад.
Инкишофи истеҳсолоти оммавӣ дар асоси автоматикунонии функцияҳои идоракунӣ амалӣ мегардад.
Ташкили ҷои кор. Агар технологияи истеҳсолӣ унсури базавии сохтори корхона бошад, ҷои кор унсури аз он пайдошуда ба ҳисоб меравад.
Ин доираи таклифоти меҳнатии коргар буда, бо воситаҳои зарурии моддӣ ва техникӣ таҷҳизонида шудааст.
Ҷои корӣ бо гуногуншаклии калон фарқ мекунанд, бинобар ин аз рӯи як қатор нишонҳо гурӯҳбандӣ карда мешаванд:
-
Аз рӯи миқдори коргарон, ҷои кории алоҳида ва коллективӣ мешаванд.
Мисол автомобилро як кас, киштиро якчанд нафар меронад. -
Вобаста аз дараҷаи махсусгардонӣ ҷудо карда мешаванд: ҷои кори универсалӣ, ки фаъолиятҳои гуногунро иҷро мекунанд ва махсусгардонидашуда, ки фақат як фаъолият иҷро карда мешавад.
-
Аз рӯи дараҷаи механикавӣ ҷойҳои корӣ мешаванд: дастӣ, ки натиҷаи меҳнат фақат хароҷоти ҷисмониро ба худ мегирад (таъмиргар, механик ва ғайра).

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо