Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Ташкили истеҳсолот дар муҳити муайян дида баромада мешавад, яъне ҳамчун баинобатгирии ҷараёнҳо ва омилҳои гуногуни дохилии корхона, инчунин баинобатгирии ҷараёнҳои технологӣ.

Қоидаҳои асосии ташкили истеҳсолот инҳо мебошанд:

  1. Махсусгардонӣ, яъне ба қисмҳои алоҳида, ё худ истеҳсоли маҳсулоти алоҳида ҷудо кардани фаъолияти корхона, коргоҳ, сохтори таркибии истеҳсолӣ ва ҷои корӣ.

  2. Якхелагӣ - ташкили қобилияти якхелаи корӣ, истеҳсолии ҳамон соҳтори таркибии коргоҳҳо ва хатҳои истеҳсолӣ. Ин қоида имкон медиҳад, ки дараҷаи якхелаи истеҳсолиро дар ҳамаи занҷири технологӣ таъмин намоем.

  3. Силсилагӣ - имконоти якбора коркарди якчанд маҳсулот, ё худ иҷрои якчанд амалиёт, ки силсилаи истеҳсолиро кам мекунанд.

  4. Бефосилагӣ, ки таъмини ҷараёни кор дар вақти барҳамдиҳии баъзе таҷҳизотҳо.

  5. Анҷу рост, яъне ташкили роҳи кӯтоҳи технологияи истеҳсолӣ.

  6. Ёвандагӣ, имкони дар вақти кӯтоҳ тағйир додани ҷараёни технологӣ барои истеҳсоли маҳсулоти нав.

  7. Мувозинатӣ - истеҳсоли маҳсулоти якхела дар давраҳои муайяни истеҳсолӣ.

Кулли сифатҳои ташкилию техникӣ ва иқтисодии омилҳо ва унсурҳои ташкили истеҳсолот шароитро барои номгӯи маҳсулотҳо, ҳаҷм ва истеҳсолин доимии онҳоро таъмин сохта, хислат ва хусусияти хоси предмети меҳнат ва ҳаракати онро муайян карда шакли ташкили истеҳсолотро ба худ мегиранд.

Вобаста аз чунин алоқамандии омилҳо се шакли ташкили истеҳсолотро ҷудо мекунанд:

  • инфиродӣ - вақте ки дар ҷои корӣ тамоми фаъолиятҳои истеҳсоли маҳсулот пурра иҷро карда мешаванд;

  • даврӣ - дар як ҷои корӣ, як қисми фаъолиятҳо иҷро мешаванд;

  • оммавӣ - дар ҷои корӣ як фаъолият иҷро карда мешавад.

Дар ҳолати истеҳсолоти инфиродӣ объект, ё худ моли «донагӣ» истеҳсол карда мешавад. Мисол, киштии кайҳонӣ, киштии калони баҳрӣ, мошинаҳои зиреҳпӯши махсус, тайёра.

пешина
аз 512
навбатӣ