Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Давраи истеҳсолкунандаи маҷмӯи (конвейер), яъне хатти махсусгардонидашудаи таҷҳизот, ки барои истеҳсоли маҳсулоти яхлухт ва ҷамъоварии деталҳои мураккаби стандартӣ мебошад. Замони технологияи механикӣ нисбат ба технологияи дастӣ қувваи коргарии сатҳи тахассусиаш пастро истифода карда, дар музди меҳнат сарфа мекарданд. Дар ин давра вобастагии ниҳоии истеҳсолотро аз одам таъмин месохтанд.

Давраи сеюм, инқилоби дуюми саноатӣ ки технологияи автоматиро ба миён овард, ки то замони мо дар чунин шаклаш боқӣ мондааст:

  1. Хатти автоматикунонидаи гурӯҳӣ, ки бо воситаи компютер идора мекунанд. Ин технология иборат мебошад аз системаи универсалии махсусгардонидашуда, таҷҳизоти бисёрфункционалӣ, ки дар ҷараёни истеҳсолот илова карда мешаванд. Илова бо воситаҳои нақлиётӣ ва анборкунии маҳсулот ва партовҳо, тағйир додани равия ва хатти истеҳсолии якпредмета ва бисёрпредметӣ ботанафус ва бетанафус мешаванд.

  2. Системаи истеҳсолии ёванда (СИЁ), ки асосашро танзими компютерии ҷараёни технологӣ ташкил медиҳад.

СИЁ - аз кулли модулҳои истеҳсолие мавҷуд мебошад, ки бо воситаи роботҳо идора карда мешаванд ва аз борбардориву борфурорӣ, системаи ахбории дар як система пайваст иборат мебошанд.

Автоматикунонӣ боз дар ҷараёни истеҳсолӣ мавқеи одамро иваз менамояд, аммо на ба имконоти одамӣ, балки ба пайдо кардани шароити хуби меҳнатӣ, беҳдошти вазъи корӣ равона шудааст. Акнун на танҳо автоматикунонӣ, балки имконоти истифодаи комплексии восита ва предмети меҳнат ба вуҷуд омадааст.

23.3. Ташкили равандҳои истеҳсолӣ, ҷои кор ва шароити корӣ

Ташкили ҷараёни истеҳсолӣ гуфта, мақсади таъмини истифодаи оптималии таҷҳизотҳои мавҷудаи корхона ва аз онҳо гузаштани предмети (ашё) меҳнатро меноманд. Ин имкон медиҳад, ки хароҷоти вақт ва воситаҳоро барои истеҳсоли маҳсулот хеле кам намоем.

пешина
аз 512
навбатӣ