Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

дастӣ - дар раванди истеҳсолие, ки тамоми кор бе иштироки механиконӣ мегузарад;

мошинию дастӣ - дар ҷойҳое, ки корҳои асосӣ механиконишуда, корҳои ёрирасон бо воситаи даст иҷро карда мешаванд.

қисман автоматиконидашуда - фаъолиятро мошинаҳо иҷро мекунанд, одамон тугмачаҳоро пахш мекунанд, ба гурӯҳҳо ҷудо мекунанд, ё дар қуттиҳо маҳсулоти тайёрро ҷой мекунанд.

ҷараёни комплексни автоматӣ - бе иштироки одамон ҳам истеҳсолот ва ҳам назорати идоракунӣ гузаронида мешаванд.

Нисбатан ба дигар ҷараёнҳои истеҳсолӣ унсури мустақиди истеҳсолӣ, фаъолияти алоҳидаи як коргар, ё бригада дар ҷои кории худ мебошад. Фаъолиятҳои истеҳсолӣ вобаста ба моликияташон ва дараҷаи механиконӣ чунин мебошанд:

Аз рӯи моҳияташон мешаванд:
технологӣ, ки ба тағйирёбии сифатӣ, ҳаҷмӣ, шакли предмети меҳнат равона шудаанд. Мисол фаъолияти оҳангудозӣ, аввал аз ашё оҳан тайёр карда, баъдан боз деталҳои алоҳида, ки шаклу намудаш тағйир меёбанд.
нақлиётӣ ва борбардорию борбарорӣ, ки мавзеи маҳсулотро дар ҷараёни технологӣ тағйир медиҳад.
хизматрасонӣ, ки таъмир, анбор, рубучини мавзеъро фаро мегирад.
ҷенкунанда, ки тафтиши мувофиқати маҳсулот ба стандартҳои мавҷударо ба роҳ мемонад.

Фаъолиятҳои истеҳсолиро дар навбати худ ба технологӣ ва меҳнатӣ ҷудо мекунанд.

Ҷараёнҳои технологӣ ба кадом гурӯҳҳое, ки тааллуқ надошта бошанд, бевосита дар баробари рушди илмию техникӣ инкишоф меёбанд. Се давраи чунин инкишофро ҷудо кардан мумкин мебошад:

Давраи якум, ба технологияи дастӣ асос ёфта, дар замони неолет, вақте ки одамон оташ ва коркарди сангро ёд гирифтанд мансуб аст. Дар ин ҷо унсури асосии технологӣ одам буда, дигарон ба имконот ва мувофиқа шомил мешаванд.

Давраи дуюм аз инқилоби саноат сар мешавад то охири асрҳои XVIII ва аввали асри XIX. Давраи технологияи анъанавии механикӣ қуллаи баланди ин

пешина
аз 512
навбатӣ