Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Аниқии иҷроиши кор.
Тамоми ҷараёни технологӣ ба асосӣ, ёрӣрасон ва хизматрасон тақсим мешаванд.
Ҷараёни технологии асосӣ тайёркунанда, коркардкунанда, ҷамъкунанда, ахборӣ ва ғайра мешавад. Дар доираи онҳо маҳсулотҳо мувофиқи мақсади корхона истеҳсол карда мешаванд.
Мисол барои комбинати гӯшт — истеҳсоли ҷасиб, қайла, тушбера ва ғайра муҳим аст. Барои заводи автомобилсозӣ истеҳсоли автомобил зарур аст.
Мақсади технологияи ёрӣрасон, ин пайдо кардани шароит барои иҷрои технологияи асосӣ мебошад. Назорати техникӣ, таҷҳизот, хизматрасонии техникӣ, таъмир, тайёр кардани асбобҳо мисол шуда метавонад.
Раванди хизматрасонӣ — ин ҷойгиркунӣ, нигоҳдорӣ ва ҷобаҷокунии ашёи хом ва материалҳо, маҳсулоти тайёр ва маҳсулоти нимхом, хизмати иҷтимоӣ ба коргарон.
Ҳамаи ҷараёнҳои технологӣ аз рӯи шаш нишонаҳои асосӣ гурӯҳбандӣ карда мешаванд:
-
Вобаста аз таъсиррасонӣ ба предмети меҳнат дар ҷараёни истеҳсолот. Ин ҷараён технологӣ ва табиӣ мешаванд. Ҷараёни технологӣ ин бевосита бо иштироки одам таъсиррасонӣ ба предмети меҳнат ва табиӣ ин дар асоси таъсири қувваҳои табиӣ сурат мегирад.
-
Вобаста аз хислати натиҷаи алоқа, се раванди технологӣ мешаванд:
таҳлилӣ, таркибӣ ва бевосита. Раванди технологии таҳлилӣ дар ҳолате ки агар аз як намуди ашё якчанд маҳсулот гиранд, гузориш меёбад. Мисол, аз нефт бензин, керосин, солярка, мазут ва ғайра мегиранд. Дар технологияи таркибӣ бошад, баръакс аз якчанд детал як маҳсулот месозанд. Технологияи бевосита бошад, аз аввал то охир як маҳсулот истеҳсол кардан аст, ба монандӣ аз оҳан чӯян гудохтан. -
Аз рӯи шакли истифодаи таҷҳизот ҷараёнҳои технологӣ кушода ва аппаратуравӣ мешаванд.
-
Вобаста аз дараҷаи механиконидашавӣ шаклҳои зерини равандҳои технологӣ муайян шудаанд:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо