Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
-
Техникаҳои ҳисоббарорӣ ва компютерҳо.
-
Дигар намуди таҷҳизотҳо, ки ба унсурҳои фаъол дохил мешаванд, асосиашонро таҷҳизотҳо ва иншоотҳои муҳофизати табиат ташкил мекунанд.
Ғайр аз ин воситаҳои нақлиётӣ ва воситаҳои гуногуни болобардаранда низ ба унсурҳои фаъол дохил мешаванд.
Қабули қарори идоракунии истеҳсолӣ бе донистани ҳолати таҷҳизотҳои фаъол бесамар мебошад, бинобар ин менеҷери истеҳсолӣ бояд, ки доимо ахбори пурра дар бораи ҳолати таҷҳизотҳо, дараҷаи истифодабарии онҳо дошта бошад. Мувофиқи истифодабарӣ таҷҳизотҳо гурӯҳбандӣ карда мешаванд:
-
Таҷҳизотҳои пайвастшуда.
-
Таҷҳизотҳои пайвастнашуда.
Таҷҳизоти пайвастшуда гуфта, таҷҳизотҳоеро меноманд, ки ба истифода дода шудаанд.
Таҷҳизоти пайвастнашуда онҳое, ки ҳоло ба истифода дода нашудаанд, дар анборҳо ва ё фонди захиравӣ мебошанд. Баъзан техникию истеҳсолии корхона доимо дар ҳаракат буда, қисме хурда шуда аз кор мебарояд, қисме барқарор карда мешавад, қисме нав карда мешавад.
Барои нигоҳ доштани ҳолати кории таҷҳизотҳои корхона таъмир карда мешаванд. Таъмир ду хел мешавад: а) ҷорӣ; б) мукаммал. Ғайр аз ин, барои он ки таҷҳизотҳои кӯҳнаро ба технологияи нави замонавӣ мувофиқат кунонанд, таҷдид, ё такмили сохторӣ куронида мешаванд.
Ҷараёнҳои технологӣ тартиботи иҷрои кор, интихоби восита ва предмети меҳнат, усули таъсиррасонӣ ба он асбобҳо ва таҷҳизотҳо, усули мувофиқатӣ омили шахсӣ ва моддӣ мебошад.
Технология усулҳои қабул, коркард, аз навбарқароркунии ашёҳо ва мавод, маводи нимхом дар пайдарпании истеҳсолӣ мебошад.
Фаъолиятҳои технологӣ оддӣ ва мураккаб мешаванд.
Дараҷаи мураккабии технологӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои зерин муайян карда мешаванд:
❖ гуногуншаклинии усулҳои таъсиррасонӣ ба предмети меҳнат;
❖ миқдори фаъолиятҳое, ки иҷро карда мешаванд;

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо