Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
❖ миқдори коргарон.
Дар шароити имрӯзаи рушди илмию техникӣ ва истеҳсолӣ, асосан ду нишондиҳанда ҳисоб карда мешавад: механиканӣ ва автоматиконии ҷараёни истеҳсолӣ, ки миқдори ками одамони ҳосилнокии баланддоштаро талаб мекунад.
Вобаста аз доираи фаъолиятҳо ва хислати маҳсулоти истеҳсолӣ, корхонаҳо ба саноатӣ, хоҷагии қишлоқ, нақлиёт, алоқа, тиҷорат ва ғайра ҷудо мешаванд.
Вобаста аз шакли ҷараёни истеҳсолот корхонаҳо мешаванд: оммавӣ, хаттӣ ва ягона.
Аз рӯи дараҷаи махсусгардонӣ корхонаҳо ҷудо мешаванд:
❖ универсалӣ;
❖ махсусгардонидашуда;
❖ комбинатҳо.
Аз рӯи дараҷаи механиконӣ ва автоматикунонии ҷараёнҳои истеҳсолӣ корхонаҳо ҷудо мешаванд:
❖ автоматикудонидашуда;
❖ механиконидашудаи комплексӣ;
❖ қисман механикудонидашуда.
Умуман корхонаҳо аз рӯи таркиб ва сохтори базаи техникӣ ва истеҳсолӣ баҳо дода мешаванд.
Базаи истеҳсолию техникии корхона ҷамъи воситаҳо ва шароитҳои истеҳсолӣ мебошад. Бо воситаи онҳо одамон бевосита, ё бавосита ба предмети меҳнат, ашё, мавод, ашёи нимхом таъсир расонида, маҳсулоти охирон месозанд. Базаи истеҳсолии корхона аз унсурҳои фаъол - таҷҳизотҳои технологӣ ва ғайрифаъол - биноҳо, иншоотҳо, объектҳои коммуникативӣ.
Ба унсурҳои активии фаъолии техникию истеҳсолӣ дохил мешаванд:
- Таҷҳизотҳои энергетикӣ ва қувватдиҳанда, ки бо воситаи онҳо интиқоли як энергия ба энергияи дигар табдил меёбад. (электродвигателҳо, генераторҳо, реакторҳо ва ғайра).
- Таҷҳизотҳои корӣ, ки бевосита ба коркарди ашё ва маводи механикӣ, химикӣ ва гармдиҳанда нигаронида шудааст.
- Таҷҳизотҳои ченкунанда - танзимкунанда ва лабораторияҳои техникӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо