Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
сохтори ташкили кам бо ҳам мувофиқ меоянд. Фирмаҳо дар таркиби худ садҳо муқиснаҳо дошта метавонанд. Бинобар ин ба мақсаде, ки ҳамаи шаклҳои идоракуниро дар бар гирад, онҳоро ташкилотҳо меноманд.
Сохторҳои таркибии асосие, ки ташкилотҳо доранду қисми ҷараёни истеҳсолиро ба ӯҳда мегиранд — коргоҳ номида мешаванд. Коргоҳҳо мешаванд тайёркунанда, коркунанда ва ҷамъоварикунанда. Дар корхонаҳои калон корхонаҳоро бо корпусҳо ҷудо карда номгузорӣ низ мекунанд. Дар баробари ин корхонаҳои хурд коргоҳҳо надоранд.
Коргоҳҳои миёна ва калон дар ҳайати худ зиёда аз 50 воҳиди таҷҳизотҳо ва зиёда аз 100 коргар дошта, сохтори мураккаби вобаста аз технологияи истеҳсолӣ доранд.
Мисол, коргоҳи корхонаи мошинасозӣ аз хизматҳои танзимгарӣ, технологӣ, иқтисодӣ, участкаҳои истеҳсолӣ иборат мебошанд. Инчунин дар ҳолати дигар коргоҳҳои махсусгардонидашудае, ки фақат як фаъолиятро иҷро мекунанд. Ду ҳолати якум агар коргарони фаъолиятҳои комплексиро аз рӯи гумӯҳон гуногун иҷро намоянд. Дар ҳолати дуюм — фаъолиятҳои гуногун дар гумӯҳон якхела сурат мегирад.
Корхонаҳо дар асоси системаи захираҳои бо ҳам алоқаманди зерин ташкил карда мешаванд, муҳит ва мавқеъ, захираҳои техникӣ, кормандӣ, ахборӣ, молиявӣ, технология, ки дар ҷараёни фаъолиятҳои технологӣ якуҷоя карда мешаванд.
Таркиб, сохтор ва сифати захираҳо хусусияти истеҳсолии корхонаро ва истеҳсоли моли онро нишон диҳанд. Агар номгӯйи моли корхона васеъ бошад, корхонаи васеъ, агар кам бошад, корхонаи хурд номида мешаванд.
Дар ҳолати якуми корхона корро аз ҳисоби таҷҳизоти ҳосилнокӣаш паст, дар ҳолати дуюм дар таҷҳизотҳои ҳосилнокии баланддоштаи махсус истеҳсол мекунанд.
Корхонаҳо аз рӯи якчанд нишонаҳои идоракунии истеҳсолӣ гурӯҳбандӣ карда мешаванд:
Аз рӯи ҳаҷм се нишондиҳандаи асосӣ мавҷуд аст:
ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолкарда ва хизматҳо;
ҳаҷми сармояи истеҳсолӣ (арзиши сармояи асосӣ);

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо