Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
-
Ҳатман риоя кардани меъёрҳои санитарии ҷои кор, тозагӣ ва мувофиқат ба кор. Ин имкон медиҳад, ки саломатии одамон нигоҳ дошта шуда, маблағҳои пулӣ сарфа шаванд.
-
Мувофиқати сифатӣ ва миқдории таҷҳизот ба талаботи технологии ҷараёни истеҳсолӣ. Махсусан дар замони ҳозира ҷамъоварии ахбор ва пешниҳоди он шарти зарурӣ мебошанд.
-
Мувофиқати ҷои кор бо мазмуни кор. Махсусан, дар ҳолате ки ҷои корӣ бо алоқаи омилҳои берунаи корхона, қабули мизоҷон ва шахсони берунаи корхона вобастагӣ дорад. Дар ин ҳолатҳо ҷойҳои кор намоён буда, тозаю озода, ки димоғи харидорро хира насозад. Ҳамчунин ҷойҳои кори ин тадқиқотчиён - навоварон, олимон бояд ором, бе овозҳои дилҳарош ва таҷҳизоти мувофиқ дошта бошанд.
Талаботе, ки дар боло номбар намудем, кулли шароити кориро ташкил мекунанд.
Ҷои кор ва таҷҳизонидани вай унсури асосии шароити меҳнатӣ буда, кулли унсурҳои муҳити истеҳсолие, ки ба саломатӣ ва қобилияти кори ин он таъсир мерасонад, қаноатмандии меҳнат буда, ба натиҷагирии он таъсир мерасонанд.
Чор гурӯҳи махсуси шароити корӣ ҷудо карда мешаванд:
-
Шароити санитарӣ-гигиенӣ, ин ҳолати ҳавоии ҷои корӣ, дараҷаи овоз, ларзиши таҷҳизот, равшании ҷои кор ва ғайра.
-
Шароитҳои физиологӣ хислати таъсиррасонӣ ба организм, ки дар ҷараёни иҷрои кор ба вуҷуд омада, ё худ вазнинии кор. Вобаста аз вазнинии кор танаффусҳо, реҷаҳои корӣ ва дамгирии алоҳида муайян карда мешавад.
Мисол барои кор дар шахтаҳо сменаи кори ин 4-6 соата, кори нишаста асосан 8-соата буда, баъди ҳар як 2 соат аз 5 то 10 дақиқа танаффӯс ва ғайра.
Меъёрҳои корӣ дар асоси дастурамалҳои махсуси тасдиқшудаи илмӣ ташкил карда мешаванд. Инчунин ҳар як корхона метавонад, мустақилона хронометраж гузаронида, меъёрҳои корӣ, коркард ва иҷрои корро муайян созанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо