Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Расми 15

Фарқияти рӯҳин байни марду зан

т/тХизлатҳоиМардЗан
1.Усули ҳалли монеаҳоҚувва, зеҳнЗиракӣ ва чолокӣ
2.Нишонагирӣ ба масоилҳоОяндабинӣҶорӣ
3.Талабот ба ҳавасҳои аслӣПастБаланд
4.Асосҳои қарорМуҳокимавӣҲиссӣ
5.ХизлатПӯшидаКушода
6.Муносибат ба олами берунаВоқеӣ ва танқидӣИдеалистӣ, фаросат
7.РафторМазмунанЭҳсосотӣ
8.Бартарияти шаклҳои фикрронӣМантиқи суханАёнии амалӣ
9.Асоси диққатМазмунШакл
10.Мушоҳидакорӣ ва аниқ буданПастБаланд
11.НишонагирӣКорӣШахсӣ
12.Муносибат ба атрофиёнРостхатаПечдарпеч
13.Ҳаракат дар сухан, таъриф карданОромонаФаъолона

Шахсият аслан дар рафтор худро муайян месозад. Донистани фарқиятҳои дар боло зикршуда, имкон медиҳад, ҳолатҳоро муайян карда, пешгӯӣ намоем, ки ин барои идоракунии одамон шароити мусоид фароҳам меорад.

Мақсаднокии шахс гуфта, хислати ӯро вобаста ба нишонагирии устувори рафтор, мотивҳо, мақсад, ки новобаста аз ҳолатҳои гуногун вуҷуд доранд, меноманд. Мақсаднокӣ ба се намуд ҷудо карда мешавад:

  • барои алоқамандӣ;
  • барои вазифагузорӣ;
  • барои манфиати шахсӣ.

Мақсаднокӣ барои алоқамандӣ гуфта, фаъолияти шахсро дар муомила ва ҳамкорӣ бо дигарон дар ҷараёни кор меноманд. Аксар шахсон ба натиҷа ва мақсади аниқи гуфтушунидҳо кам аҳамият дода, диққати асосии худро ба иҷрои кор ва ҳузур доштан дар муҳити коллектив равона месозанд.

пешина
аз 512
навбатӣ