Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Вазифагузорӣ — корчаллон шахсе мебошад, ки барои вай аз ҳама чизи асосӣ, ба мақсад расидан аст, новобаста аз он, ки вазифаро кӣ ба миён гузоштааст.

Манфиати шахсӣ — ҳаракати одамон, пеш аз ҳама барои ҳалли масоилҳои худӣ, барпо кардани дараҷаи зиндагии шахсӣ ва муваффақиятҳо мебошад. Чунин шахсон дар кор ҳаракат мекунанд, ки вазифаҳои худро ба дигарон вогузор карда, худ аз он истифода баранд.

Қобилият — маҷмӯи сифатҳои одам барои иҷрои ин ё он намуди фаъолият бо мақсади манфиат гирифтан аз он ва дигар қобилияте, ки муваффақият ба даст меоранд, мебошад.

Қобилият — пеш аз ҳама муайян мекунад, ки шахс дар кадом вазифа ва бо кадом самараноқӣ кор карда метавонад.

Барои ноил гаштан ба дастовардҳо қобилиятҳои гуногун истифода мешаванд.

Яке аз намудҳои қобилият қобилияти психикӣ бошад, ки дар навбати худ аз шаклҳои зерин иборат аст:

❖ умумӣ - хислатҳое, ки дар ин ё он шахс ба андозае вуҷуд доранд,
(кор кардан, фикр кардан, ҳис кардан, ҳаракат кардан);

❖ оддии шахсӣ — қавииродагӣ, устуворӣ ва ғайра;

❖ мураккаби шахсӣ — тахассусӣ ва касбӣ.

Се шакли хусусияти махсуси шахсӣ вуҷуд дорад:

❖ умумибашарӣ;

❖ ташаккулёфта;

❖ таҳлилӣ.

Инкишофи ташаккулёфта ва таҳлилӣ - ин қобилияти зеҳнии одамонро ташкил мекунанд, ки вобаста аз баландии қобилияти онҳо ба се дараҷаи истифода ҷудо карда мешаванд: модарзодӣ, қобилиятнокӣ ва нобиғавӣ.

Модарзодӣ - ин кулли қобилиятҳое мебошад, ки имкони фаъолияти бомуваффақиятро дар соҳаи муайяни фаъолият шахс аз дигарон дида, хеле хуб ва ба осонӣ иҷро мекунад.

Қобилиятнокӣ гуфта, ин имкони ихтирокорӣ ва эҷодиро меноманд.

пешина
аз 512
навбатӣ