Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
омадааст. Фақат дараҷаи тайёрии менеҷерон ва ходими самараноқ кор кардани онҳо маданияти иттиҳодиявиро, ки ба талаботи замонавӣ ҷавобгӯ аст, дар ташкилот барпо месозанд.
То давраи наздик агар менеҷерон фақат соҳибкасбии баланд медоштанд, ҳоло бояд онҳо илова бар ин усулҳои хуби муносибатро бо коргарон дошта бошанд. Менеҷери замонавӣ акнун на фақат ҳамчун роҳбари расмӣ, балки ҳамчун пешвои гурӯҳе, ки роҳбарӣ мекунад, баромад карда тавонад. Доир ба хислату роҳҳои пешво шудан мо дар мавзӯи алоҳида гуфта гузаштем.
22.5. Шахсият, сармояи башарӣ ва хусусияти хоси
менеҷунт
Шахсият гуфта, системаи бо ҳам алоқаманди сифатҳои муайяни иҷтимоии одамро меноманд, ки ба ӯ имкони фаъолона маърифат кардан ва дарк намудани оламро медиҳад. Қисме аз ин қобилиятҳо модарзод (табиӣ) буда, қисми дигарро одам дар давоми умраш ба даст медарорад. Унсурҳои асосии шахсият инҳо мебошанд:
❖ мақсаднокӣ; ❖ қобилиятнокӣ; ❖ босуботии рӯҳӣ; ❖ хислати рафторӣ.
Камбудии дар яке аз унсурҳо мавҷуда аз ҳисоби дигараш пурра карда мешавад. Умуман, сифати шахсият аз ҳолатҳои зерин вобастагӣ дорад:
- Аз қобилияти фардии ҳар як шахс, яъне ҳолати ҷисмонӣ, зеҳнӣ, дарки масъулият, ҳавасмандӣ ва ғайра.
- Мақоми одам дар ҷамъият, яъне нақши иҷтимоӣ, унвон, ӯҳдадорӣ, ҷавобгарӣ, имкон ба ахбор, ояндаи кормандӣ ва ғайра.
- Хусусияти муҳити атрофиён, вазият, муносибатҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ ба роҳбарон, итоаткунандагон, ҳамкорон, мизоҷон ва дигарон.
- Аз ҷинсият.
- Ҳолати рӯҳии шахсҳо, фарқиятҳои рӯҳии марду зан, ки дар расми 15 оварда шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё