Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
- Одамон аз мошинаю таҷҳизотҳо ба он фарқ мекунанд, ки онҳо қобилияти зеҳнӣ дошта, меҳнати онҳо бошуурона мебошад.
- Одамон соҳиби қобилияти эҷодӣ ва соҳибкорӣ мебошанд, ки самаранокии онҳо андоза надоранд. Маҳз барои ҳамин дар одамон захираҳои зиёди баланд бардоштани самаранокии функсионалӣ ташкилот вуҷуд дорад.
- Дар шароити суръати баланди тараққиёти илмию техникӣ захираҳои башарӣ маънаван фарсуда мешаванд. Бинобар ин, онҳо бояд доимо донишҳои худро сайқал дода, малакаи касбии кордонии худро баланд диҳанд. Қобилияти кордонӣ, дониш, соҳибкасбӣ, қабули хотир, ҳусну сухан, байни одамон гуногун мебошанд. Бинобар ин, онҳо бояд доимо омӯзанд, бозомӯзӣ гузаранд ва малакаи донишро баланд бардоранд.
- Одамон ҳамчун шахсияти алоҳида дар асоси эҳсосоти дохилӣ ва муҳити берунӣ амал мекунанд, бинобар ин, идоракунии молятсионии захираҳои башарӣ вазифаи асосии менеджмент мебошанд.
Дар давоми даҳсолаи охир дар системаи истеҳсолии «захираҳои башарӣ – захираҳои моддӣ ва захираҳои молиявӣ» — моҳияти стратегии ҳар яки онҳо вобаста аз муҳит, мақсад ва вазифаҳои инкишофи иқтисодӣ иваз шудааст. Дар шароити имрӯзан зеҳникунонии тиҷорат сарчашмаи асосии ҳосилнокии меҳнат ва инкишофи ташкилот ин захираҳои башарӣ мебошад.
Дар шароити имрӯза ҷорӣ намудани категорияи нави захираҳои башарӣ шоҳиди он аст, ки моҳият, таҷриба, қобилияти соҳибкории коргарон самаранокии иқтисодии ташкилотро таъмин месозад ва бартарияти онро дар шароити иқтисоди бозорӣ таъмин месозад.
Усули нави омӯзиши назариявии системаи идоракунии захираҳои башарӣ ин таҳлили ҳаматарафа ва воқеии ҷараёни мураккаби маълумот, хислатҳои сифатӣ ва миқдории ҳар як шахс мебошад.
Нишондиҳандаҳои миқдорӣ, ин миқдори зарурии коргарон мебошанд, ки барои ба мақсад расидан ва фаъолияти корхона истифода бурда мешаванд. Дар замони ҳозира бештар моҳияти нишондиҳандаҳои сифатии коргарон махсусан, рафтори иқтисодии онҳо, иҷрои вазифаи касбӣ ва иҷтимоии онҳо дар коллектив афзуда истодааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё