Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Баъзе олимон дар он ақида мебошанд, ки сармояи башарӣ аз ду қисм иборат мебошад:
- Хароҷотҳо барои омӯзиши он ва зиндагонии он.
- Қобилияти табиии ҳар як шахс.
Маҳз қобилияти табиии одамонро ҳамчун захираи аввали башарӣ ҳисоб кардан мумкин аст. Назарияи сармояи башарӣ давраи муҳими рушд дар фаҳмиши назариявии идоракунии одамон дар ташкилотҳо гашт, чунки ақидаи арзишнокии баҳои захираҳои башариро дар ташкилот муайян намуданд.
Дар охири асри ХХ дар аксари давлатҳои пешқадами иқтисодӣ концепсияи идоракунии устувори захираҳои башарӣ коркард шуданд ва онҳо усулҳои технократӣ ва гуманистии идоракунии одамонро ба роҳ монданд, ки менеҷменти кормандиро бо технологияи ҳайати пешрафта дар шароити рақобати озоди бозор таъмин месозанд.
Дар илм ва таҷрибаи идоракунӣ ҷорӣ кардани фаҳмиши нав, яъне «захираҳои башарӣ» зарурияти асосноккунии илмии онро пайдо месозад, ки алоқамандии он бо мафҳумҳои анъанавӣ ва коркарди асосҳои назариявӣ методологияи концепсияи замонавии идоракунии захираҳои башарӣ муайян карда шаванд.
Қайд мекунем, ки захираҳои иқтисодӣ гуфта, захираҳоеро меноманд, ки дар истеҳсолоти иқтисодӣ истифода бурда мешавад. Ҳамаи захираҳои системаи иқтисодӣ хусусияти умумӣ ва махсуси худро доранд. Хусусиятҳои умумӣ, ин пеш аз ҳама маҳдуд будани миқдори онҳо (ғайр аз захираҳои ахборӣ) мебошанд. Чунин як маҳдудиятҳо маънои онро дорад, ки захираҳо доимо нисбати талаботҳои мо кам мебошанд. Бинобар ин яке аз вазифаҳои асосии иқтисодӣ ин тарзи ҳарчи самараноктар истифода бурдани захираҳои маҳдуд мебошад.
Ҳамаи захираҳои иқтисодӣ дар маҳсулоти шакли табиӣ ва арзишӣ вуҷуд дошта, ба соҳиби он дар шакли фоида аз замин, фоизи сармоя, музди меҳнат ва фоидаи соҳибкорӣ ба даст меорад.
Тамоми захираҳо дар ҷараёни истеҳсолӣ фарсуда шуда, ба таъмири ҷорӣ ва мукаммал зарурият доранд. Чунин хусусиятҳо барои захираҳои башарӣ низ хос мебошанд, вале хусусияти фарқкунандаи захираҳои башарӣ, пеш аз ҳама дар хислатҳои шахсӣ дида мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё