Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
назар дорад. Аз фаҳмиши дараҷаҳои анъанавӣ маълум мегардад, ки инкишофи фикрҳои идоракунӣ доир ба мақоми одам дар системаи истеҳсолӣ ин инъикоси қонуниятҳои инкишофи истеҳсолот, иқтисодиёт, ҷамъият дар давраҳои гуногун мебошад.
Ҳамин тариқ, дар садаи бистум, асосан, пайдоиши се системаи асосии идоракунии одамон дар ташкилотҳо пайдо мегардад:
идоракунии кормандон; идоракунии ҳайат; идоракунии захираҳои башарӣ.
Системаи идоракунии кормандон дар доираи менеҷменти технократӣ пайдо гашта, ҷараёни оқилонаи идоракунӣ, зиёд гаштани назорати беруна, марказонидани идоракунӣ дар дасти роҳбарон хос мебошад. Коргарон мувофиқи назарияи Ф. Тейлор — воситаи расидан ба мақсадҳои ташкилӣ мебошанд, ба монанди мошина, таҷҳизотҳо ва ашё. Инчунин функцияи одамро ҳамчун шахс функцияашро бо воситаи хароҷоти вақти корӣ чен мекунанд. Дар солҳои 50–60-уми асри ХХ дар иқтисоди давлатҳои тараққикарда тағйироти калони сохторӣ дар зери таъсири тараққиёти илмию техникӣ, ба ивази идоракунии кормандон системаи нав, яъне «системаи идоракунии ҳайат», ба миён омад, ки дар он аллакай коргар на фақат иҷрокунандаи функцияи меҳнатӣ, балки ҳамчун шахси муносибатҳои меҳнатӣ ва воситаи фаъоли ташкилотҳо бояд омӯхта шаванд.
Маҳз дар ҳамин солҳо мафҳуми нав «сармояи башарӣ» пайдо гаштааст.
Назарияи сармояи башариро иқтисодчиёни бузург Т.С. Хачатуров, С. Кузнетс, Т. Шултс, Г. Беккер, С.Н. Боббилев ва дигарон инкишоф додаанд.
Дар асарҳои Г. Беккер сармояи башарӣ ҳамчун сифатҳои гирифташуда ва меросии одамон, аз қабили маълумот, дониш, саломатӣ ва дигар сифатҳое, ки дар мӯҳлати муайяни вақт барои истеҳсоли мол ва хизмат истифода карда мешаванд, шарҳ дода шудааст.
Дар назарияи хароҷоти сармояи башарӣ ин маблағгузории сармоявие мебошад, ки имкони ба коргар, ташкилот, ҷамъият дар якҷоягӣ натиҷагирии иқтисодиро пайдо месозад, ки онро «маблағгузорӣ дар соҳаи сармояи башарӣ»
меноманд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё