Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Захираҳои меҳнатӣ ҳамчун категорияи нақшавию ҳисобӣ, ин қисми аҳолии қобилияти меҳнатӣ доштаро дар шароити такрористеҳсоли қувваи корӣ меноманд. Истифодаи мазмуни ин категорияро барои муҳокимаи равандҳои демографӣ, шуғли аҳолӣ истифода бурдан мумкин мебошад.

Аксари олимоне, ки дар бахши идоракунии меҳнат сару кор доранд, категорияи «иқтидори меҳнатӣ»-ро истифода мекунанд. Мафҳуми «иқтидор» аз калимаи лотинии гирифташуда “potentia" - имконоти шахси алоҳидаро дар соҳаи муайяни фаъолият меноманд.

Ғайр аз ин мафҳуми «иқтидори меҳнатӣ» боз қобилияти созандагии одамро низ мефаҳмонад, ки дар вақти зарурӣ истифода карда метавонад.

Натиҷаи пурсиши коргарони ширкатҳои фаронсавӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки 66%-и онҳо имконоти пурра амалӣ кардани қобилияти худро дар кор надоранд. Баҳои экспертҳои амрикоӣ нишон медиҳад, ки коргарон дар вақти кор ҳамагӣ 20-25% имконоти захиравии худро истифода мекунанд ва ҳангоми беҳтар кардани идоракунӣ ин нишондиҳандаро то 70-80% баланд бардоштан мумкин мебошад. Тадқиқоти дар корхонаҳои ИДМ дар солҳои 1994-1996 гузаронидашуда нишон медиҳад, ки қариб 95% пурсидашудагон (аз он ҷумла КИТ) имкони иқтидори шахсӣ доранд, ки боз самараноктар фаъолият намоянд.

Ҳамин тариқ, мафҳуми «иқтидори меҳнатӣ» гуфта, боз дар коргарон вуҷуд доштани қобилияти пӯшида мебошад, ки ҳанӯз имконот ва қобилияти амалӣ гардонидани он дар истеҳсолот пурра вуҷуд надорад.

Аз аввали солҳои 60-уми асри ХХ сар карда, дар адабиёти иқтисадӣ, қариб аксарият мафҳуми «омили одамӣ»-ро истифода мекунанд, ки ин маънои иштироки фаъоли одамро дар раванди истеҳсолӣ нишон медиҳад. Аз ин ҷо ин мафҳум аз мафҳуми захираҳои меҳнатӣ дида, як қадам пештар мебошад.

Дар адабиёти ватанӣ ва хориҷӣ солҳои охир, дар илми идоракунӣ мафҳуми «кормандон» ва «ҳайат» истифода карда мешавад.

Мафҳуми «кормандон» — ин ҳайати асосии корхона мебошад ва нишондиҳандаи кулли коргарони корхонаро нишон дода, дар бораи сифати онҳо маълумот намедиҳад. Ба кормандон коргарони муваққатӣ, ҳамкор, ғайриштатӣ дохил карда намешавад. Калимаи «ҳайат» аз калимаи лотинии “personalis" гирифташуда, тамоми ҳайати корхонаро (коргарони доимӣ ва муваққатӣ) дар

пешина
аз 512
навбатӣ