Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Хусусияти хоси инкишофи идоракунӣ дар афзудани нақш ва мавқеи одам дар системаи истеҳсолӣ мебошад. Дар шароити афзоиши навовариҳои техникӣ, тезутунд шудани рақобати бозор, глобализатсияи иқтисодӣ, маҳз донишҳо, малака, эҷодкорӣ ва қобилияти соҳибкории одамон ҳамчун захираи асосии баланд бардоштани самаранокии ва бартарияти рақобати инкишофи стратегӣ мебошад.

Ҷараёни иҷтимоию иқтисодие, ки имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла дар Тоҷикистон гузашта истодааст, зарурати онро ба миён овардааст, ки усулҳои анъанавии методологии муносибатҳо ба системаи идоракунии меҳнат тағйир дода шаванд. Бо мақсади истифодаи пурраи иқтидори кадрӣ ва қобилияти кориҷрокунии коргарон концепсияи нави менеҷменти кормандӣ зарур мебошад.

Дар адабиётҳои замони шӯравӣ ва дар баъзе адабиётҳои ҳозира, гурӯҳи гуногун, аз ҷумла «қувваи корӣ», «захираҳои меҳнатӣ», «кормандон», «ҳайат»
ва ғайра истифода мешуд, ки ба шароити замони иқтисоди бозорӣ мувофиқ набуда, ба инкишофи имрӯзаи назариявӣ ва амалии илми идоракунӣ мувофиқат намекунад. Мисол, гурӯҳи «қувваи коргарӣ» қобилияти маънавӣ ва ҷисмонии шахсро дар назар дорад. Аммо имрӯзҳо дар ҷамъият доимо навшавии технологӣ, ҷорӣ намудани системаи ахбории компютерӣ, ҷараёни фаъоли зеҳнии соҳибкорӣ, ки доимо баландбардории малакаи дониш, азнавтайёркунӣ, инкишоф ва қобилиятнокии баландро талаб мекунад ба назар мерасад. Бинобар ин дар менеҷменти замонавӣ қобилият ва имконоти коргарон бояд на фақат ҳамчун омили истеҳсолии қайдшуда, балки ҳамчун захираи доимо навшуда ва инкишофёфтаи ба талаботи истеҳсолот мувофиқ мебошад.

Дар баробари категорияи «қувваи коргарӣ» инчунин боз «захираҳои меҳнатӣ» низ истифода карда мешуд, ки гурӯҳи мазкурро аввалин маротиба академик С.Г. Струмилин истифода намудааст. Дар адабиётҳои шӯравӣ захираҳои меҳнатӣ ҳамчун гурӯҳи иқтисодӣ ва нақшавӣ-ҳисобӣ дида мешуд.

пешина
аз 512
навбатӣ