Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Тавсифи сифатии захираҳои башариро ба се гурӯҳи асосӣ тақсим кардан мумкин мебошад:

  • рӯҳӣю физиологӣ - қобилияти коргар, ки аз ҳолати саломатии он, корҷӯрокунӣ, боқувватӣ, системаи асаб ва ғайра иборат аст;
  • квалификатсионӣ — ҳаҷм, дараҷа ва донишҳои бисёртарафаи умумӣ ва махсуси кордонӣ ва қобилияти меҳнатии коргарон;
  • шахсӣ — дараҷаи пухта расидан, нишонагирии арзишнок, талабот ва интихоб дар соҳаи меҳнат.

Тавсифи сифатии захираҳои башарӣ дар асоси гурӯҳбандии сохторӣ ва дигар нишондиҳандаҳо муттаносибан омӯхта мешавад. Дар шакли анъанавӣ ҷадвалҳои касбӣ - тахассусӣ, иҷтимоию демографӣ ва сохторӣ тартиб дода мешавад. Таҳлили маълумоти сохтории ҷараёни демографӣ ва тағйиротҳои иҷтимоӣ, ки дар ташкилотҳои алоҳида ва умуман дар ҷамъият мегузаранд, усулҳои нави банақшагирӣ, истифода ва инкишофи захираҳои башарӣ мебошад.

Ҳамин тариқ, дараҷаи «захираҳои башарӣ» ҳамчун тавсифи интегралии нақш ва ҷои одамон дар системаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ мебошад. Захираҳои башарӣ ҳамчун кулли қобилиятҳои меҳнатӣ, зеҳнӣ, эҷодӣ, соҳибкорӣ ва маънавии коргарон мебошанд, ки аз дуруст истифодабарии онҳо самаранокии тобоварии ташкилотҳо ба рақобат, дар шароити иқтисоди бозарӣ вобаста аст.

Консепсияи замонавии идоракунии захираҳои башарӣ. Аз омилҳои гуногуни мавҷудбудаи ташаккули консепсияи замонавии идоракунии захираҳои башарӣ, намудҳои зерини асосии онро ҷудо намудан мумкин мебошанд:

  1. Инкишофи босуръати тараққиёти илмию техникӣ, системаи компютерӣ, глобализатсияи иқтисодӣ мазмуни фаъолияти меҳнатиро тағйир додааст ва аз коргарон донишҳои махсус, дониши баланди касбӣ, қобилияти эҷодкорӣ ва соҳибкорӣ талаб мекунад. Идоракунии одамон дар истеҳсолоти имрӯза хислат ва моҳияти муҳим дорад ва ҳамчун омили асосии баланд бардоштани қобилияти рақобаттобоварӣ ва инкишофи стратегии корхона мебошад.

  2. Таъсири нишондиҳандаҳо ва омилҳои макроиқтисодӣ, нишонагирии истеҳсолот барои таъмин намудани талаботи истеъмолкунандагони муайян,

пешина
аз 512
навбатӣ