Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

ташкилотҳои савдои яклухт молҳои онҳоро нокифоя пешниҳод менамоянд;

дар нақши тартибдиҳандаи фармоиш баромад карда, захираҳои зарурӣ барои хизматрасонии мизоҷон надоранд;

ба истеҳсолкунанда ахбори дуруст оид ба бозори моли корхона, рақибон, харидорон намедиҳанд;

онҳо барои хизматҳои худ музди баланд мегиранд.

Бинобар гуфтаҳои боло дар кори корхонаҳои савдои яклухт пастравӣ мушоҳида мешавад. Корхонаҳо худашон барномаҳои фурӯши яклухти бевоситаро тартиб дода, молашонро худашон мефурӯшанд. Бинобар ин солҳои охир корхонаҳои савдои яклухт доимо ҳаракати баландбардории дараҷаи хизматрасонӣ, кам кардани хароҷотҳо, бо технологияи замонавӣ таҷҳизонидани нигоҳдорӣ ва беҳтар кардани системаи ахборӣ кӯшиш доранд.

Ҷараёни бурдани хабари мол то ба харидорон дар шакли анъанавӣ номи тақсимоти ҷисмониро гирифтааст, ки нуқтаи аввали корхонаи истеҳсолкунанда мебошад. Бинобар ин ӯҳдадории менеджменти корхонаи молтаъминкунанда аз интихоби нигоҳдорӣ (анбор), воситаи боркашонӣ, ки бо воситаи он мол дар вақти муайяншуда бо хароҷоти кам ва бе вайроншавии сифат расонида мешавад иборат аст.

Чунин фаъолият имрӯзҳо консепсияи идоракунии занҷири молтаъминӣ ном гирифтааст. Чунин менеджмент фаъолиятро пештар, яъне аз таъмини ашё, мавод, таҷҳизот, яъне таъмини раванди истеҳсоли маҳсулот ва тақсимоти он то ба нуқтаҳои муайяншуда сар мекунад. Менеҷерони чунин корхонаҳо аз ҳудуди корхонаҳо баромада, ҳолати корхонаҳои таъминкунанда ва харидоронро меомӯзанд ва агар лозим шавад барои баланд гардидани қобилияти харидории онҳо кӯмак мерасонанд. Чунин як ҷараён вақте самаранок мешавад, ки агар ташкилот бозорро омӯхта, баъдан ин силсиларо ташкил мекард. Чунин усулро логистикаи маркетингӣ меноманд.

Логистикаи маркетингӣ ҷараёни банақшагирӣ, назорат ва навоварӣ дар равиши мавод ва молҳои тайёр, аз банди пайдоиш то нуқтаи охири истеъмолӣ бо мақсади таъмини талаботҳои истеъмолкунандаро меноманд.

пешина
аз 512
навбатӣ