Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

кардани ҳаҷми фурӯши молҳо дар куҷое, ки имконият доранд, молро ба фурӯш мондаанд. Дар натиҷа мағозаҳо қариб, ки якранг шудаанд.

Аксари мағозаҳои калон, ки дар маркази шаҳрҳо ҷойгир мебошанд, дар шакли пешинаи классикии худ кор карда наметавонанд ва маҷбур мешаванд, ки аз як қатор хизматҳои худ даст кашида, нархи молро арзон кунанд, ё худ филиалҳои хурди худро дар дигар ноҳияҳо ташкил карда, фаъолият намоянд.

Яке аз қарори муҳим ва махсусе, ки менеҷменти иттиҳодия қабул мекунад, ин бозорҳои мақсаднок мебошанд.

Савдои яклухт.

Савдои яклухт тамоми фаъолият оид ба фурӯши мол мебошад. Ба воситаи субъектҳои бозор, молро боз мефурӯшанд, ё бо мақсадҳои иттиҳодияӣ истифода мебаранд. Ба савдои яклухт фаъолияти фурӯши корхонаҳо дохил намешаванд.

Савдои яклухт аз савдои чакана хеле фарқ дорад:

  1. Харидорони яклухт функцияи ҳаракати молро кам иҷро мекунанд, бинобар ин аз мӯҳлат ва ҷойгирии корхона он қадар вобастагӣ надорад.

  2. Ҳаҷми савдои яклухт нисбат ба чакана чанд карат зиёд мебошад.

  3. Давлат бо шаклҳои гуногун, ба савдои яклухт ва чакана муносибат дорад, яъне қонуну санадҳои меъёрии гуногунро мебошанд.

Дар солҳои охир ҳаҷми савдои яклухт афзуда истодааст. Дар баробари ин корхонаҳои савдои яклухт рақобати калони бозорро мушоҳида менамоянд.

Талаботи харидорон бештар гардида, бисёртар технологияи нав истифода мешавад ва барномаҳои махсуси савдои яклухт афзуда истодаанд. Бинобар ин корхонаҳо бояд стратегияеро қабул намоянд, ки ба муҳити тағйирёбанда тез мутобиқат намояд.

Ташкилотҳои савдои яклухт қабули қарорҳои стратегиро оид ба бозорҳои мақсаднок, номгӯйи гуногуни молҳо ва хизматҳо, нархгузорӣ, пешниҳоди мол ва ҷойгиршавии корхонаҳо пешниҳод мекунанд.

Истеҳсолкунандагон доимо имкон доранд, ки аз кори ғайрисамараноки ташкилотҳои савдои яклӯхт даст кашанд. Асосан норозӣгӣ дар шаклҳои зерин зоҳир мегардад:

пешина
аз 512
навбатӣ