Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

талаботҳои шахсӣ равона шудааст.

Тиҷорати чакана вобаста аз инкишофи хоҳиши харидор ва фурӯшанда ҳамарӯза инкишоф ёфта, шаклҳои гуногунро ба худ мегирад. Маъмулан се шакли анъанавӣ пешниҳод мешавад, ки характери умумӣ доранд:
бо воситаи мағозаҳо;
тиҷорати чаканаи берун аз мағоза;
бо воситаи ташкилотҳои тиҷоратии савдои чакана.

Харидори имрӯза метавонад, молҳоро аз мағозаҳои гуногун харидорӣ намояд:
мағозаҳои махсусгардонидашуда;
мағозаҳои универсалӣ;
супермаркетҳо;
мағозаи молҳои талаботи ҳаррӯза;
мағозаи хӯрокворӣ;
мағозаҳои ширкатӣ;
намоишгоҳҳо ва ғайра.

Савдои чакана дар мағоза аз рӯи дараҷаҳои зерини хизматрасонӣ фарқ мекунанд:
худхизматрасонӣ;
интихоби озоди мол;
хизматрасонии маҳдуд;
хизматрасонии пурра.

Савдои чаканаи берун аз мағоза, ин савдои бевосита аз корхона, аз анбор, нуқтаи савдо бо роҳҳои зерин сурат мегирад:

  1. Савдои бевосита, яъне аз завод, ё корхона ба истеъмолкунанда бурда мерасонанд. Фармоиш бо воситаи телефон ё шартнома баста мешавад, молро ба истеҳсолкунанда дар мӯҳлати кӯтоҳ бурда мерасонанд.
  2. Бо воситаи почта, аз рӯи фармоишҳо.
  3. Бо воситаи автоматҳои тиҷоратӣ.
  4. Хизматрасонии тиҷоратӣ.

Дар шароити имрӯза ташкилотҳои савдои чакана ҳолати хеле мураккабро аз сар мегузаронанд. Аксари ташкилотҳои истеҳсолкунанда бо мақсади зиёд

пешина
аз 512
навбатӣ