Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Логистикаи маркетингӣ тадқиқоти силсилавии талабот мебошад. Мақсади асосии логистикаи маркетингӣ бояд, ки аз рӯи қоидаҳои функционалии кулли занҷири таъмини мол сурат гирад.
Коркарди ин система бояд омӯзиши талаботҳои истеъмолкунандагон ва таклифоти рақибон бошад. Вобаста аз унсурҳои дар боло гуфта, ташкилот консепсияи худро кор карда мебарояд, ки аз рақибон он бартарие дошта бошанд, ки истеъмолкунанда хоҳиш дошта бошад. Хулоса, ташкилот оид ба бозор як қатор ӯҳдадориҳоро ба худ бояд гирад ва бечунучаро иҷро намоянд:
коркарди фармоишот, аз рӯи мол, сифат, шакл, номгӯйи гуногун, ҷобаҷокунӣ ва ғайра; нигоҳдорӣ ва кашондани мол; ҳаҷми захиравии мол, фармоиши дараҷаи ниҳоӣ, вақти расонидани мол, ҳароҷоти нигоҳдорӣ ва вақти нигоҳдорӣ.
Вазифаи менеҷменти корхона фақат коркарди консепсия ва барномаҳои махсус ба охир нарасида, инчунин боз доимо дар алоқамандии харидорони воқеӣ, молтаъминкунандагон, умуман тамоми шахсони манфиатдор мебошад.
Ҳар як ташкилот бо як дараҷае нақши коммуникатор ва агентро иҷро мекунад, ки гӯё моли худро дар бозор пешниҳод менамоянд.
Коммуникатсияи маркетингин комплекси дар худ панҷ воситаи асосии коммуникативиро дорад:
- Реклама — тамоми хусусиятҳои хоси мол, ақида ва шаклҳои хизматрасонӣ.
- Ҳавасмандкунии фурӯши мол — саҳмияҳои гуногуни ҳавасмандкуние, ки барои бедор кардан ва хоҳиши ҳамкорӣ пайдо кардани истеъмолкунанда равона карда шудааст.
- Алоқа бо ҷамъият ва воситаҳои ахбори умум — барномаҳои гуногун, ташкили эътибори корхона.
- Фурӯши аниқи шахсӣ — бевосита кор кардан ба мизоҷони алоҳида, ё якчанд харидорони фаъол.
- Маркетинги бевосита — истифодаи почта, телефон, почтаи электронӣ ва дигар воситаҳои алоқа.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё