Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
- Стратегияи маркетингӣ дар вақти ҷорӣ кардани мол. Дар давраи аввали дохилшавии мол ба бозор инкишофи он оҳиста-оҳиста сурат мегирад. Боворшинос Р. Базелл сабаби инро дар монеаҳои васеъшавии истеҳсолот, масоилҳои техникӣ, расонидани мол то ба истеъмолкунанда, бо воситаи ташкилотҳои тиҷоратӣ чакана ва ғайра мебинад. Дар ин давра вобаста ба хароҷотҳои зиёд корхона ё фоидаи кам мегирад, ё зарар мебинад. Бинобар ин як давраи муайян лозим аст, ки одамон бовар кунанд, моли навро шиносанд, истеъмолкунандагони навро пайдо созанд.
Ташкилоте, ки ба бозор моли нав мебарорад бояд, ки ҳолати самаранокро муайян созад. Яъне якбора ӯ ба таваккали навоварӣ дучор мешавад, ки аз рӯзи аввали моли нав дар бозор вобастагии калон дорад. Дар стратегияи ин давра мақоми асосиро кам кардани давраи навоварӣ мебозад. Яъне аксари ширкатҳои рақиб дар бораи моли нав қариб, ки дар як вақт дарак меёбанд ва ҳамон ширкате бурд мекунад, ки тезтар, аввалин шуда, молро ба бозор барорад.
- Стратегияи маркетингӣ давраи афзоиш (болоравӣ). Дар ин давра ҳаҷми фурӯши мол зиёд мешавад. Дар баробари ин рақибони нав дар бозор ба вуҷуд меоянд, ки монанди моли шумо бароварда, вазъиятро шиддатнок менамоянд. Онҳо ҳаракат мекунанд, ки ба моли шумо хислатҳои нав илова карда, маҷроҳои нави бозориро пайдо кунанд. Дар ин давра нархи мол дар ҳолати аввала боқӣ мемонад, ё каме паст мешавад. Фоида дар ин давра зиёд мегардад, зеро хароҷотҳои реклама кам мегардад. Аммо дар як вақти муайян оҳиста-оҳиста суръати афзоиш суст шуда, ҳолати мувозинатиро мегирад.
Менеҷменти корхонаро зарур мебошад, ки саривақт пастшавии суръати афзоишро муайян карда, стратегияи маркетингиро дигар созад.
Барои он, ки давраи афзоишро дуру дароз давом диҳем ба стратегияҳои зерин такя бояд кард:
- Беҳтар кардани сифати мол, нигоҳ доштани устувории он дар бозор.
- Бо мақсади ҳимояи моли асосӣ, ҷорӣ намудани шакли дигаргуншудаи мол, инчунин васеъ кардани ҳаҷм ва номгӯи молҳо.
- Ба бозори дигар гузаштан.
- Васеъ намудани чораҳои мавҷудбуда ва ҷустуҷӯи маҷроҳои нави ҳаракати мол.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё