Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
-
Паст кардани нархи мол бо мақсади ҷалби истеъмолкунандагон.
Стратегияҳои дар боло номбаршуда мавқеи бозории корхонаи истеҳсолкунандаро мустаҳкам менамояд. -
Стратегияи маркетингии давраи баркамолӣ. Дар як давраи муайяни ҳаёти мол дараҷаи афзоиши мол суст шуда, давраи баркамолӣ мерасад ва вазифаҳои мураккаби доираи маркетингии менеҷмент ба вуҷуд меояд. Сустшавии инкишофи фурӯши маҳсулот ба зиёдшавии захираи маҳсулоти тайёр оварда, рақобатро тезутунд менамояд. Давраи баркамолиро ба се давра ҷудо мекунанд:
инкишоф, мувозинатӣ ва кӯҳнашавӣ. Барои дароз кардани мӯҳлати давраи баркамолӣ ташкилот метавонад, усулҳои сифати мол ва хусусияти он, шакли берунаи онро дигаргун созозад.
Стратегияи беҳтар кардани сифати мол беҳтар кардани сифатҳои функционалии мол аз қабили дарозумрӣ, дилпур будан, интихобӣ, мувофиқи завқ мебошад. Ин стратегия то вақте самараноқ мебошад, ки имкони хусусияти молро беҳтар кардан вуҷуд дорад. Бартарияти ин стратегия дар он мебошад, ки ширкат эътибор пайдо карда, номи ширкати навоварро мегирад.
- Стратегияи маркетингии давраи фурӯдравӣ. Давраи охирони ҳаёти мол даврае, ки ҳаҷми фурӯши мол оҳиста-оҳиста паст шудан мегирад. Камшавии ҳаҷми фурӯши мол метавонад, ки якбора низ ба миён биояд. Сабаби ин ҷараён дигаргун шудани технологияи истеҳсолӣ, тағйир ёфтани хоҳиши истеъмолкунанда ва тезутундшавии рақобат мебошад.
Дар давоми кам шудани ҳаҷми маҳсулот, як қисме аз ташкилотҳо бозорро тарк мекунанд. Баъзе, дигар ширкатҳо аз қисмҳои алоҳидаи тиҷоратии худ даст кашида, қисми дигарро инкишоф медиҳанд.
Давраи кӯҳнашавии молҳо давраи хеле мураккаб буда, аз менеҷер ҳалли якчанд вазифаҳоро талаб мекунад. Коркарди системаи коркард ва муайян кардани молҳое, ки дар давраи кӯҳнашавӣ қарор доранд. Баъзе ташкилотҳо кумитаи махсус оид ба даромаднокӣ ташкил мекунанд. Онҳо системаи ояндабинӣ ташкил карда, ҳолатҳои бозорро тадқиқот мекунанд. Мутахассисон ин ахборро омӯхта, доир ба ҳар як мол фикру ақидаи худро мегӯянд.
Ҳамин тариқ, ҳамчун унсури банақшагирӣ концепсияи давраи ҳаётии мол
имкон медиҳад, ки вазифаҳои асосии муайян карда шуда, назорат ва баҳодиҳии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё