Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Ташкили стратегияи тақсимотӣ ва мавқеи корхона вобаста аз он мебошад, ки дар давраи муайян мол, бозор ва рақибон чӣ хел тағйир меёбанд.
Мол дар давоми вуҷуд доштани худ роҳҳо, давраҳои муайянеро мегузарад, ки стратегияи маркетингии корхона вобаста аз давраҳои ҳаётии он фарқ мекунанд.
Консепсияи давраи ҳаётии мол. Дар вақти омӯзиши ин консепсия хусусиятҳои зерин ба ҳисоб гирифта мешаванд:
мӯҳлати ҳаётии мол маҳдуд аст;
давраи ҳаётии мол якчанд қисматҳоро доро аст, ки дар назди ташкилот
молфурӯш имконоту масоилҳо пеш меорад;
дар давраҳои муайяни ҳаётии мол фоида аз мол гуногун мебошад;
ҳар як давраи ҳаётии мол усули махсуси стратегияи маркетингӣ ва молиявии истеҳсол, фурӯш ва идораро талаб мекунанд.
Давраи ҳаётии мол тағйир ёфтани ҳаҷми фурӯши мол, фоида дар вақти муайян шакли зангӯларо дорад. Дар расми 11 чор давраи ҳаётии молро муайян кардан мумкин аст, ки ҷорӣ намудан, инкишоф, пухта расидан ва фурӯравӣ мебошад.
Расми 11. Тағйирёбии ҳаҷми фурӯш ва фоида дар давраи ҳаётии мол.
Муддат ва тағйирёбӣ ва давраҳои ҳаётии ҳар як мол вобаста аз хусусияти хоси мол, гурӯҳи он ва гуногуншавии муҳит ҳархела мебошанд. Бинобар ин, ҳар як давра ва мол стратегияи махсуси маркетингии худро дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё