Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Мавқеъгирӣ аз рӯи талаботи истеъмолкунанда. Нишонагирӣ барои гурӯҳи муайяни истеъмолкунандагон.

  2. Мавқеъгирӣ аз рӯи рақобат. Дар ин ҳолат маҳсулоти корхона нисбат ба дигар маҳсулотҳои бозор бартарияти махсуси худро дорад.

  3. Мавқеъгирӣ аз рӯи категорияи маҳсулот. Маҳсулот дар байни дигар маҳсулотҳои ҳамранг бояд асосӣ ва арзишманду соҳибхаридор бошад.

  4. Мавқеъгирӣ аз рӯи нарх/сифат. Дар ин ҳолат маҳсулот бояд қаноатмандии зиёдро бо пардохти кам дода тавонад.

Мисол, корхона метавонад чор зинаи фарқкунандаи мавқеъро пеш мегирад: 1. Технология. 2. Арзиш. 3. Сифат. 4. Хизмат.

Маълум мегардад, ки мавқеи рақибон дар арзиши маҳсулот бо нишондиҳандаи худ муайян мешуд, сифат бошад дар сабкати рақибон дар мақоми олӣ мебошад. Дараҷаи хизматрасонӣ дар ҳарду иттиҳодия аз миёна дида кам аст. Аз ҷадвал маълум мегардад, ки сабаби барои истеъмолкунанда мавқеи хуб пайдо кардани корхона дастрас будани нархи маҳсулот ва хизматрасонӣ ва ҳамчунин сифати он мебошад.

Расми 10.
Усули интихоби бартарияти рақобатӣ.

Б-баланд, М-миёна, П-паст Системаи 10 балла.

пешина
аз 512
навбатӣ